10 намуди хидматҳои давлатӣ аз 1-уми апрел ба андоза (формат)-и онлайн мегузарадаз

10 намуди хидматҳои давлатӣ аз 1-уми апрел ба андоза (формат)-и онлайн мегузарадаз

Бо фармони Президент аз 31-уми январи соли 2020 таҳти рақами ФП‑5930 «Дар бораи чораву тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди босуръати сохтори миллии хидматрасониҳои давлатӣ» аз 1-уми апрел дар шаҳри Тошканд хидматҳои давлатии зеринро танҳо ба воситаи сайтҳои расмии Портали хизматҳои дарчаи ягона (ПХДЯ), сохторҳои давлативу иқтисодӣ ва ҳокимиятҳои маҳаллии давлатӣ гирифтан мумкин аст:
– Рухсатнома дар бораи ворид ё содир кардани растаниҳои ёбоие, ки дар «Китоби сурхи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» қайд нашудаанд;
– Рухсатнома роҷеъ ба ҳайвоноти ваҳшие, ки дар «Китоби сурхи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» сабт нашудаанд, қисм ва маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо, коллексияҳои зоологӣ ва ғанимат (ӯлҷа)-ҳои воридшаванда ва содиршаванда;
– Гувоҳнома дар бораи ба рӯйхат гузоштани парваришхонаҳо барои ҳифзу афзоиши ҳайвонҳои ваҳшие, ки дар «Китоби сурхи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» қайд нагардидаанд ва коллексияҳои зоологӣ;
– Нусхаи маълумот роҷеъ ба субъектҳои соҳибкорӣ аз реестри ягонаи давлатӣ, (ахбори махфӣ аз ин истисно);
– Маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани ахбор ва (ё ки) ҳуҷҷат дар реестри ягонаи давлатии субъектҳои тадбиркорӣ;
– Дар шакли электронӣ додан ё гирифтани рӯйхати субъектҳои тадбиркорӣ аз реестри ягонаи давлатии субъектҳои тадбиркорӣ, (маълумоте, ки бо ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ маҳдуд карда шудаанд, аз ин истисноанд). Тақдим кардани ахбору маълумот дар бораи манзил;
– Дар идораҳои андоз ба ҳисоб гирифтани шахсони ҷисмоние, ки андоз месупоранд, додани рақами мушаххаси андоз супорида шуд;
– Боздоштани гувоҳномаи тадбиркори тартиботи якка дар бораи ба рӯйхат гирифтан.
Ба феҳристи давлатӣ дохил кардани субъектҳои соҳибкорӣ ва ташкили фаъолияти сохтори ҳисоби автоматикӣ ва вазифаҳои иловагӣ роҷеъ ба дастгирии техникии он ба агентии хизматҳои давлатӣ гузаронда шуданд.
Дар шаҳр, шаҳрак, деҳа ва маҳаллаҳо шӯъбаҳои Марказҳои хизматҳои давлатиро марҳила ба марҳила мекушоянд. Бо ин тарз ба аҳолии маҳаллӣ расондани хизматҳои бо вусъат ва сайёр, додани маслиҳат роҷеъ ба истифодаи ПХДЯ таъмин мегардад. Шӯъбаҳо дар бинои маркази ҷамъомади шаҳрвандони маҳалла, вале агар зарурият бошад, дар алоҳидагӣ, аз ҷумла дар биноҳое, ки бо шарти ДХШ сохта шудаанд, ҷойгир карда мешаванд.
Дар сохтори агентӣ Садорати ба рақамгирии хидматҳои нави давлатӣ ташкил карда мешавад. Кормандони он барои ташаккули базаи маълумотҳои электроние, ки ҳангоми расонидани хизматҳои давлатӣ аз он истифода мебаранд, машғули ба рақамгирӣ мешаванд. Дар ин равиш нақшаи кори се соли наздик ба тасвиб (тасдиқ) расидааст.
Дар ширкатҳои суғурта рухсат дода шуд, ки дар бино ва ҳудудҳои Марказҳои хизматҳои давлатӣ бо соҳибони воситаҳои нақлиёт шартномаи суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандӣ тартиб диҳанд ва дар бораи суғуртаи ҳатмӣ рекламаи хизматҳоро ҷойгир кунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ