Авиакомпанияи “Uzbekistan airwais” ба муносибати иди Наврӯз 50 фоиз арзон кардани нархи чиптаҳои ҳаракатро дар тамоми Ӯзбекистон эълон кард. Таҳфиф аз 21-ум то 23-юми март ба зеринҳо амал мекунад:
-барои шахсони индивидуалӣ – 30%,
-барои гурӯҳи сайёҳӣ(аз 5 кас зиёд бошад) талабагон, хонандаҳо ва хонандаҳои дар зери муассисаҳои таълими махсуси корҳои дохилаи Ӯзбекистон, вазорати молия, хизмати бехавфии давлатӣ, кумитаи андози давлатӣ, кумитаи боҷхонаи давлатӣ, таҳсил мегиранд – 40%
-барои оила(зану шавҳар ва агар фарзандашон аз синни 18 боло бошад) -50%
-барои нафақахӯрон, ногироён ва ветеранҳои ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ҳарбиёне, ки соҳиби орден ё медал шудаанд – 50%
-барои нафароне, ки дар бартараф намудани хавфи фоҷиаи АЭС Чернобил иштирок кардаанд-50%
Таҳфифҳо на фақат ба шаҳрвандони Ӯзбекистонӣ балки ба хориҷиён низ пешкаш карда мешавад
Манбаъ: Zarnews
