Ўзбекистон истеҳсоли автомобилҳоро афзоиш дод

Ўзбекистон истеҳсоли автомобилҳоро афзоиш дод

Дар моҳи январи соли 2020 дар кишвар 22 000 дона автомобил истеҳсол шуд.
Бино ба додаҳои кумитаи омори Ӯзбекистон дар моҳи январи соли гузашта 17 466 дона автомобил истеҳсол шуда буд.
Ҳамагӣ дар моҳи январ 5 962 дона Nexia T-250, 5 078 дона Cobalt, 4 340 дона Lacetti-Gentra, 3 989 дона Damas, 2 320 дона Spark ва 311 дона Labo тавлид гардид.
Дар ин муддат 272 дона автомобили боркаш истеҳсол шуд, ки ин шумор нишондиҳандаи коҳиши автомобилҳои боркаш дар муқоиса бо моҳи январи соли гузашта мебошад.
Дар зимн, дар моҳи гузашта 19,8 ҳазор дона муҳаррики автомобил истеҳсол шуд.
Ҳамчунин, дар моҳи январ 25 дона трактор тавлид гардид.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ