«Қатораҳои Сарчашма» дар Самарқанд

«Қатораҳои Сарчашма» дар Самарқанд

Галереяи бадеии Чорсуи Самарқанд бо чунин ном намоиши шахсии мусаввири ҷавон Анвар (Чоршанбе) Бердиев оғоз ёфт. Онро раиси шӯъбаи вилоятии Академияи бадеии Ӯзбекистон Нуриддин Калонов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Нотиқ таъкид кард, ки дар Самарқанд мактаби мусаввирон арзи вуҷуд дошта, дар он рассомони маъруф ба камол расидаанд. Ҳоло низ дар ин мактаб писаракону духтаракон истеъдоди худро сайқал медиҳанд. Яке аз онҳо рассоми ҷавони умедбахш Анвар Бердиев мебошад, ки зодаи деҳаи Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё буда, бори нахуст асарҳои худро ба намоиш гузошт.
– Ман ҳам фарзанди кӯҳсор ҳастам, – гуфт мусаввир аз деҳаи Оҳалик Ҷумъабой Абдурауф. – Шояд аз ҳамин сабаб ҳар як кори эҷодии Анварҷон ба ман наздику шинос аст. Зеро дар аксарияти мусаввараҳои ӯ манзараҳои дилфиреби кӯҳсор тасвир шудаанд.
– Бо корҳои Анварҷон шинос ҳастам, – барафзуд академики Академияи бадеии Ӯзбекистон Аслиддин Исоев. – Бояд гуфт, ки мӯқалами ӯ сеҳри хосса дорад. Рассом аввало бояд рангро ҳис кунад. Бо боварии том метавон гуфт, ки Анварҷон аз нозукиҳои эҷодкорӣ хабардор аст. Аз имконият истифода бурда, ба вай дар фазои санъат парвозҳои баланд таманно дорам. – Ман шогирдони бисёр дорам, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд устодаш Мирсаид Самадов. – Аммо Анварҷон истеъдоди худодод, хислатҳои аҷиби меҳнатдӯстӣ ва навоварӣ дорад. Мушоҳида кардан душвор нест, ки ӯ бо қадами қатъӣ, зина ба зина қуллаҳои баланди санъатро фатҳ менамояд. Умед дорам, ки дар солҳои наздик аз қатори беҳтарин мусаввирони Ӯзбекистон ҷой мегирад.
Сипас, ҳозирон бо завқ расмҳои намоишгоҳро тамошо карданд. Рангтасвирҳои «Деҳаи ман», «Баҳор дар кӯҳсор», «Барфи охирин», «Бобои ман», «Чашма» ва ғайра дар дили мухлисони санъати бадеӣ таассуроти калон гузошт. Дар атрофи асарҳои ӯ баҳсу мунозираҳо авҷ гирифт.
Мо бо рассом Анвар Бердиев ҳамсӯҳбат шуда, сабаби мусаввир шудани ӯро пурсидем. Гуфт, ки солҳои мактабхонӣ эҷодкорон ба деҳаи Сарчашма омада, аз табиати нотакрор илҳом гирифта, асарҳои худро меофариданд. Ӯ назди онҳо омада, корбарии мусаввиронро бо завқ тамошо мекард. Ҳамин муҳаббат буд, ки пас аз хатми мактаб шомили коллеҷи санъати Самарқанд шуд. Ҳоло Анвар Бердиев дар курси саввуми Донишкадаи санъат ва дизайни миллии ба номи Камолиддин Беҳзоди Тошканд таҳсил мегирад. Муҳаббат ба Самарқанд будааст, ки аввалин намоиши асарҳои худро дар ин шаҳри қадимӣ ташкил кард.
Таъкид мекунем, ки намоишгоҳ як моҳ давом мекунад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ