Муаллим ва муҳаррири озодихоҳ

Муаллим ва муҳаррири озодихоҳ

  • Post category:Фарҳанг

Дар соли ҷорӣ тамоми аҳли фарҳанг, олимон ва рӯзноманигорон ба таҷлили 145-солагии мутафаккири барҷаста, олими қомусӣ, тарғибгари фаъоли илму маърифат, публитсисти шинохта, сайёҳ ва яке аз шахсиятҳои равшанзамири оғози садаи ХХ Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ тайёрии ҷиддӣ мебинанд.
Масъалаи мазкур аз ҷониби Президент Шавкат Мирзиёев низ дар Муроҷиатнома ба Маҷлиси Олӣ бори дигар мавриди эътибор қарор гирифт. Мутобиқи гуфтаҳои Президент «Мо ҳаракати таҷаддудхоҳӣ ва мероси аҷдодони маорифпарвари хешро амиқан бояд омӯзем. Ин мероси бою ғановатмандро ҳар чӣ қадар бисёр омӯзем, дар шароити муташанниҷи замони имрӯз низ ба баъзе масъалаҳои ҳалталаби ҳаётӣ, муаммоҳои ташвишовари зиндагӣ ва мушкилоти он ҷавоб хоҳем ёфт. Ин мероси гаронбаҳоро чӣ андоза фаъолона тарғибу ташвиқ намоем, халқи мо, хусусан, ҷавонон ба қадру манзалати ҳаёти тинҷу осоиштаи имрӯза хоҳанд расид.»
Дар таҳқиқу баррасии ҳаёти илмиву фарҳангии мардуми Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри ХХ ба забон нагирифтани номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ғайриимкон аст. Зеро Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ҳамчун яке аз шахсиятҳои бузурги фарҳангии охири қарни XIX ва ибтидои асри ХХ мавқеи ба худ хос дорад. Муҳаққиқон барҳақ ӯро асосгузори ҳаракати таҷаддудхоҳӣ дар тамоми Осиёи Марказӣ эътироф намудаанд.
Таклифи ислоҳи таълим
Фаъолияти ислоҳотпарастонаи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ дар ҷодаи илму маориф хеле барвақт, баъди касби камол ва хатми мадорис ҳусни оғоз гирифтааст. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ ҳанӯз соли 1892 дар овони 17-солагии хеш бо як ҷасорату шуҷоати машрутахоҳонаву равшанзамирона таклифи ислоҳ кардани тарзи таълими мактабҳои Туркистон, ҷорӣ намудани «усулҳои савтия»-ро дар мактабу мадорис ба генерал-губернатори замон Н.О. Розенбах ба миён гузошта буд. Мутаасссифона, аз рӯйи баъзе маълумотҳои манбаъҳои таърихӣ ин муроҷиати вай беҷавоб мондааст. Аммо бо ин ҳама, вай дар Самарқанд ва Бухоро фаъолияти хешро дар ҷодаи ислоҳотхоҳӣ идома медод. Бо саъю ҳаракати Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ соли 1903 дар Самарқанд дар деҳаи Ҳалвоӣ бо сарварии Саидаҳмади Сиддиқӣ ва дар деҳаи Раҷабамин бо ташаббуси Абдулқодири Шакурӣ мактабҳои нав таъсис дода шуданд. Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ на фақат муассис ва таъмингари молиявию мураттиби ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии ин мактабҳоро бар зимма дошт, балки барои ин мактабҳо масъулияти таълифи китобҳои дарсиро низ бар дӯш гирифта буд. Дар ҳамин замина нашр гардидани китобҳо ва дастуруламалҳо, аз қабили «Рисолаи асбоби савод» (1904), «Рисолаи ҷуғрофияи умронӣ» (1905), «Рисолаи ҷуғрофияи русӣ» (1905), «Китобат – ул – атфол» (1908), «Амалиёти Исломӣ» (1909) гуфтаҳои болоиро собит менамоянд. Ин ҷиҳати аввали фаъолияти маорифпарварию таҷаддудхоҳии ин марди шариф аст.
Беҳбудӣ дар ин даврони тезутундии вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар байни аҳли маориф ва фидоиёни ин роҳ бо ҳаммаслакон ва ҳамзамонони худ бо қомусназарии хеш бартарӣ ва тафовут дошт. Вай ҳамчун як нафар фарди равшанзамиру бедордил ва шахси озодипарасту огоҳ наметавонист нисбати тамоми нуқсонҳо ва беадолатиҳои иҷтимоӣ дар канор бошад. Аз назари Беҳбудӣ, барои тараққиёт ва таҳсилот танҳо таълими мактабӣ кифоя нест. Ба ин маънӣ ӯ таъкидан фикрҳои тараққипарваронаи худро иброз медорад, ки имрӯз низ арзиши иҷтимоию тарбиявии худро гум накардаанд. «Шумо бояд бидонед, ки чорабиниҳо ва тараққиёти илму фанни ҷаҳониро комилан бояд фаро гирифт. Дар бораи ҳолат ва вазъи давлат огоҳ бояд буд, Ватанро эъзоз бояд кард ва нисбати ҳаёти ҳаррўзаи он бодиққат бояд буд. Барои ин миръот (оина)-е зарур аст, то ки дар он миллату халқ ҳам қисмати талху қабоҳатангези худро ва ҳам нафосату малоҳат ва шафоати худро дида тавонад». Ин зарурат ва талаботи давр Беҳбудиро ба роҳи таъсиси театр ва матбуот пеш бурд. Дар натиҷа, дар ҳаёти мадании мардум драмаи «Падаркуш» ҳамчун намунаи нави драматургияи миллӣ ва матбуоти сифатан ва моҳиятан тозаву ҷадид падид омад.

Паҳлӯи дигари фаъолияти Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ таъсис ва пуштибонии матбуоти давр аст. Маҳз дар асоси ташаббусу саъю ҳаракатҳои таҷаддудхоҳони давр, аз ҷумла Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ рӯзноманигорӣ дар ибтидои асри ХХ ҳамчун жанри фаврӣ (оперативӣ), ки мавзўъҳои рўзмарраи замонро фаро мегирифт, дар муддати хеле кўтоҳ мавқеъ пайдо кард. Дар адабиёти ибтидои асри ХХ комилан қарор ёфтани ин навъи адабиро метавон ба омилҳои зерин вобаста дид. Аввалан, дахолати фаъолонаи эҷодкорон ба ҳаёти иҷтимоиву сиёсии мамлакат, ки дар натиҷаи тараққӣ ёфтани афкори умум, аксари эҷодкорону равшанфикрони замон ба хизмат ва корҳои тарғибиву ташвиқӣ комилан майл карданд. Бояд зикр карда гузашт, ки мўҳтавои мавзўи осори публитсистӣ дар ин давра маҳдуд нест. Эҷодкорон ва равшанфикрон на фақат ба масъалаҳои ислоҳотталабию таҷаддудхоҳӣ ё ин ки тарғиби илму дониши замонавӣ, балки ба масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва фарҳангӣ эътибори ҷиддӣ додаанд. Дар ин ҷода, хизматҳои Беҳбудиро бояд алоҳида эътироф намуд. Омили дигар, бешубҳа, равнақи матбааю нашрияҳои маҳаллӣ ва таъсиру нуфузи рўзномаю маҷаллаҳои хориҷию дохилӣ, аз қабили «Тарҷумон», «Раъд», «Иршод», «Машварат», «Бетараф», «Эрони имрўз», «Шероз», «Муфаттиши Эрон», «Иттиҳод», «Вақт», «Юлдуз», «Шўълаи инқилоб», «Садои Фарғона», «Наҷот» ва ғайра аст, ки боиси ташаккули ин соҳа гардидааст. Дар ин ҷабҳа низ Беҳбудӣ барканор набуд.
Нашри рӯзномаҳо
Дар публитсистикаи Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, ки соҳаи асосии фаъолияти эҷодии вай буд, ҷанбаи ахбордиҳӣ, тарғибию ташвиқӣ, таҳлилию мубоҳисавӣ ва пафоси танқидӣ қавитар аст. Беҳбудӣ аз соли 1913 ба корҳои матбуот машғул шудааст. Оғози нашри рўзномаи «Самарқанд» аз моҳи апрел шурӯъ мешавад. Рўзнома ба забонҳои туркӣ ва форсӣ ду маротиба дар як ҳафта, аввал ду ва дертар чаҳор саҳифагӣ дастрас гардидааст. Пас аз нашри 45 шумора Беҳбудӣ аз сабаби ноқисияти моддӣ аз табъу нашри ин рӯзнома даст кашид. 30-юми августи соли 1913 бошад, Беҳбудӣ ба нашри маҷаллаи «Оина» оғоз бахшид. Дар ин маҷалла мавод, асосан ба забони ўзбекӣ, шеърҳои форсӣ, паёмномаҳо, мақолаҳо ва эълонҳои русӣ бароварда шуданд. Маҷаллаи мазкур дар Тотористон Қафқоз, Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон ва Туркия паҳн гардидааст. Маҷаллаи «Оина» ба паҳнкунии иттилоот ва фарҳанг мусоидат кард. Дар баробари фарогирии маводи мухталиф бобати ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ ва таърихӣ масъалаҳои мубрамтарини ҳаёти маданию фарҳангӣ дар маҷалла мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Инчунин, арзиши бадеиву эстетикии онро низ набояд сарфи назар кард. Он мақолаҳо ва ҳикматҳои шавқоварро дар бораи халқ ва таърихи он, таърих, адабиёт ва ҷаҳон баён мекунад. Махсусан, мавзӯи забон ҳамеша дар мадди назари муҳаррир буд. Беҳбудӣ якчанд забонҳоро барои рушди миллат омўхт. 13-уми августи соли 1913 дар маҷалла мақолаи «На ду – чор забон даркор» бароварда шуд, ки барои тамоми мардуми фарҳангии Осиё як резонанси пурқуввате буд.
Фаъолияти Беҳбудӣ ҳамчун як нафар таблиғгар ба истеъдоди фитрии ӯ сахт вобаста аст. Ў дар давоми тамоми ҳаёти худ садҳо мақолаҳо навиштааст.
Ин таҷаддудхоҳи забардаст андешаҳои худро дар бораи ватандўстӣ ва Ватан, ҷамъият ва ахлоқ ҳамчун мақолаҳои беҳтарин баён кардааст. Баъзеҳо миқдори мақолаҳои хурду калони ўро аз 200 ва дигарон аз 300 ҳам зиёд эътироф намудаанд. Чизи муҳим он аст, ки Беҳбудӣ бузургтарин симои фазои сиёсии Туркистон дар оғози асри ХХ буд. Ҳамаи ақидаҳои ў дар бораи сарнавишти миллат ва Ватан дар мақолаҳояш инъикос ёфтаанд. Ин ҷиҳат аз ҳама муҳим аст.
Хизмати босазо
Ҷиҳати дигари муҳими масъала дар он аст, ки Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ на фақат барои рушду нумӯи таълиму тарбия ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти фарҳангӣ ва сиёсии давлат, балки барои бедории милливу маънавии мардуми маҳаллӣ хизмати босазое ба анҷом расонидааст. Ӯ ҳамеша бо халқ буд. Ӯ ҳамеша дар ҷодаи ҳақ роҳ паймуд. Тақдиру қисмати Ватани азизаш барои вай муҳимтарин масъалаи давр буд, баҳри истиқлоли миллии мамлакат саъю ҳаракатҳои ҷиддӣ дошт.

Дар навиштаҳои ин мутафаккири сиёсатмадор мавриди гуфтугузор бобати истиқлолият ҳар гуна зӯроварӣ маҳкум карда мешавад. Аз нуқтаи назари ӯ, зӯроварӣ падидаи номатлуби ғайриахлоқист, бинобар он, ҳамчун фаъолияти ғайриинсонӣ талқин карда мешавад. Беҳбудӣ дар ҳар ҷода роҷеъ ба ин масъала ва амалӣ гардонидани ғояҳои башардӯстонаву иҷтимоии худ фидокорона ва ҷоннисорона фаъолият дошт. Вай муросову мадороро барои беҳдошти ҷиҳати ҳаёти мардум роҳи аз ҳама муҳимтарини ҳалли мушкилот мепиндошт. Дар матбуот ҳамеша сухани озод дошт. Пас хизматҳои бузурги ин марди шариф, маорифпарвару таҷаддудхоҳ, инсони комилу ислоҳотчии намоёни давр бояд ба таври ҷиддӣ мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор бигирад.

Сироҷиддин ХӮҶАҚУЛОВ, дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ