Устод дар дили мо абадӣ монд

Устод дар дили мо абадӣ монд

Ҳар кӣ бе устод кард оғоз кор,
Кору бори ӯ надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хидмат куну устод шав.

Марги бешафқат шахси олиҷаноб, падари меҳрубон ва бобои азиз, олими забоншинос ва луғатшиноси маъруф, устоди маҳбуби садҳо нафар шогирдон, ҳамкасби самимӣ ва ҷонсӯзро аз байнамон бурд.
Профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, номзади фанҳои филологӣ Амон Воҳидов 22-юми феврали соли ҷорӣ аз олам даргузашт.
Амон Воҳидов 10-уми апрели соли 1936 дар деҳаи Боғибаланди ноҳияи Самарқанд дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро дар мактаби рақами 25-и деҳаи худ гирифта, соли 1950 ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Самарқанд дохил шуд. Амон Воҳидов дар ин таълимгоҳ аз муаллимони машҳур Наберахоҷа Валихоҷаев, Ҳайдар Ҳодизода ва Раҳмонберди Эгамбердиев таълим гирифтааст. Соли 1954 ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Самарқанд дохил мешавад ва соли 1956 ин Донишкада Дорилфунуни Самарқанд ҳамроҳ карда мешавад ва онро Амон Воҳидов бо баҳои аъло хатм мекунад. Солҳои 1959-1965 аввал ба ҳайси лаборант, баъд ба сифати ходими илмӣ дар шӯъбаи забоншиносии Институти забон ва адабиёти Академияи улуми Тоҷикистон кор кардааст.
Дар тӯли ин солҳо Амон Воҳидов дар соҳаи лексикография бо олимони машҳур ба монанди Раҳим Ҳошим, Носирҷон Масумӣ, Туракул Зеҳнӣ, Муллоҷон Фозилов ва Ҳафиз Рауфов кор кардааст. Маҳз дар ҳамин давра ӯ дар тартиб додани луғати тафсирии “Фарҳанги забонӣ тоҷик” (дар ду ҷилд) саҳми назаррас гузоштааст. Амон Воҳидов бо чунин мардони доно, ба монанди Абдусалом Деҳотӣ, Вадуд Маҳмудӣ ва Қутбиддин Муҳиддинов кор кардааст. Солҳои 1965-1968 ба Мазори Шарифи Афғонистон сафари хидматӣ кард. Вай чун тарҷумон дар бунёди Донишкадаи нафту маъдани шаҳри Мазори Шариф саҳм гузоштааст. Дар як муддати кӯтоҳ вай ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти худро идома дода, соли 1973 таҳти роҳбарии Ҳафиз Рауфов рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Тавсифоти сохторӣ ва семантикии калимаҳо дар “Ғиёс-ул-луғот” бомуваффақият ҳимоя кард.
Амон Воҳидов як олими бузурги ҳамаҷониба буд. Асарҳои ӯ таҳқиқотҳое аз қабили «Мадору-ул-афазил» -и Файзӣ Сарҳиндӣ, «Тӯҳфат-ул-аҳбоб» -и Ҳофиз Ӯбаҳӣ, «Намудҳои луғат», китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии «Калима ва маъноҳои он» (Амон-ул-луғот), «Забони адабии ҳозираи тоҷик» китобҳои дарсӣ ва васоити таълимии «Лексикографияи форсӣ-тоҷикӣ дар асрҳои X-X1X» мебошад. То имрӯз вай зиёда аз 20 корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, зиёда аз 60 мақолаҳои илмӣ, тақрибан 100 мақолаҳои илмиву оммавӣ дорад.
Зиёда аз 60 нафар муҳаққиқон ва магистрони ҷавон рисолаҳои номзадиро бомувоффақият ҳимоя кардаанд.
Амон Воҳидов аз соли 2006 то 2012 мудири кафедраи «Забони тоҷикӣ ва филологияи шарқ»-и Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, аз соли 2012 то ҳол ҳамчун профессори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДС фаъолият дошт.
Дар ин рӯзҳои вазнин аз Худои меҳрубон ба аҳли оилаи устод, фарзандон ва наберагон, хешовандони наздик ва ҳамкорону шогирдон сабри ҷамил мехоҳем.

Маъмурияти Донишгоҳи Давлатии Самарқанд
Ҷамоаи факултети филология

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ