Аё устод, то ҳастем, фаромӯшат нахоҳем кард…

Аё устод, то ҳастем, фаромӯшат нахоҳем кард…

  • Post category:Фарҳанг

Зиндагӣ… Хатест миёни оғозу анҷом, аз оғози будан то дами фано. Аммо барои шахсони некному некӯамал зиндагӣ як масири созандагӣ, роҳи сохтану сӯхтан ва аз худ номи накӯ боқӣ гузоштан аст. Дарки маънии аслии зиндагӣ ва ҳақиқати дар ҳақиқат будан танҳо барои нафароне насиб мекунад, ки вуҷудашон саршори покӣ ва мақсадашон хидмат ба мардум, тарбияти одамият бошад.
Устод Ҳамроқул Бердиқулов аз зумраи маҳз ҳамин гуна нафарони нектинат буданд, ки умри худро сарфи таълиму тарбият карданд.
Ҳамроқул Бердиқулов 9-уми июни соли 1954 дар ноҳияи Самарқанд дар оилаи механизатор ба дунё омадааст. Маълумоти миёнаро дар зодгоҳ гирифта, пас аз хатм соли 1972 ба Донишгоҳи педагогии Самарқанд ба номи С. Айнӣ дохил мешавад.
Тӯли солҳои 1976-1977 дар мактаби миёнаи рақами 3-и деҳаи Арабхонаи ноҳия аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ба донишомӯзон сабақ меомӯзад. Соли 1978 бо даъвати омӯзгорони донишкадаи таҳсилгирифтааш дубора ба ин боргоҳи таълимӣ меояд ва ба ҳайси омӯзгор ба фаъолият сар мекунад. Аз ҳамон рӯз тақдири хешро ба тадрису тадқиқи забони тоҷикӣ мепайвандад.
Ҳ. Бердиқулов солҳои 1996-2001 ва 2006-2007 дар вазифаи декани факултети филологияи тоҷик, солҳои 2003-2006 ҷонишини декан оиди корҳои маънавӣ ва маърифӣ, солҳои 2012-2016 ҳамчун мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик фаъолият мебарад. Чанд сол боз дар шӯъбаи бакалаврият аз фанҳои «Шевашиносии тоҷик», «Назарияи забоншиносӣ» ва дар шӯъбаи магистратура аз фанҳои «Масъалаҳои назарияи забоншиносӣ», «Лингвокултурология», «Прагмалингвистика», «Этимология» дарс мегуфт.
Муаллим соли 1996 чун «Аълочии таълими халқии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» эътироф мегардад ва соли 2006 сазовори нишони сарисинагии « Ўзбекистон Мустақиллигига 16 йил» гаштааст.
Ҳ. Бердиқулов соли 1993 таҳти роҳбарии профессор Насриддин Шарофов дар мавзӯи «Лексикаи чорводории водии Зарафшон» рисолаи номзадии худро дифоъ намуда, соли 1995 монографияи худро ба шакли китоби алоҳида нашр мекунад.
Ин марди некном ва омӯзгори ботаҷриба дар тӯли фаъолияти педагогии худ зиёда аз 126 номгӯи мақолаву тақриз ва рисолаҳои гуногунҳаҷми илмӣ менависад. Инчунин, муаллифи 6 номгӯи асарҳои калонҳаҷми илмӣ мебошад, ки «Лексикаи чорводории водии Зарафшон» (монография), «Луғати мухтасари лексикаи чорводорӣ», «Намунаҳои назму насри форсу тоҷик дар асрҳои Х-ХХ», «Забон ва услуби Савдо», «Шевашиносии тоҷик», «Назарияи забоншиносӣ» ва ғайра аз ин ҷумлаанд. Таҳти роҳбарии ин устоди меҳнатқарину меҳрубон зиёда аз 22 нафар соҳиби дипломи магистрӣ гаштаанд.
Яке аз хизматҳои шоистаи Ҳ. Бердиқулов дар илми забоншиносии тоҷик аз он иборат аст, ки устод бо маълумоти мухтасари асарҳои лаҳҷашиносӣ доир ба шеваи шимолӣ қонеъ нашуда, тайи чанд сол дар экспедитсияҳои лаҳҷашиносӣ мунтазам ширкат варзиданд ва роҷеъ ба ҳодисаҳои фонетикӣ-­морфологии шеваҳои Бухоро, Шаҳрисабз, Косонсой, Фарғона ва ғайра маводи фаровоне ҷамъ оварда, «Луғати мухтасари шеваҳои гурӯҳҳои шимолӣ»-ро чоп карданд.
Доир ба бахши лексикология низ корҳои самарабахши илмиро ба сомон расонидаанд. Минҷумла, калимаҳои гуфтугӯй-­халқӣ, калимаҳои ӯзбекӣ, калимаҳои русӣ-­байналмилалӣ дар ашъори Савдо, калимаҳои шевагӣ, таърихӣ ва кӯҳнашуда, калимаҳои китобӣ, ибораҳои фразеологӣ, зарбулмасалу мақолҳо ва панду ҳикматҳо дар асарҳои С. Айниро низ аз назари тадқиқ гузаронид.
Ҳамроҳқул Бердиқулов тӯли чор соли охир дар кафедраи забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ чун мутахассиси пешқадам, дотсенти кафедра, бо корҳои таҳқиқотӣ ва педагогӣ машғул буд.
Марги гулчин чунин инсони хоксору ботамкин, олими варзида, устоди дӯстдоштаи шогирдон, марди фидокор ва дилсӯз, ки ҳар бор ба шогирдон фарзандвор «писарам», «духтарам» гуфта муроҷиат мекард, бемаҳал аз байни мо бурд.
Раёсат, устодону кормандон, созмонҳои ҷамъиятӣ ва аъзои кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДДС ба аҳли оилаи марҳум изҳори тасаллият намуда, аз даргоҳи Худованд барояшон сабр ва ба устоди равоншод охирати обод таманно мекунанд.
Аё устод, то ҳастем фаромӯшат нахоҳем кард,
Чароғӣ дар дили моён, хомӯшат нахоҳем кард.

Аз номи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, факултети филология ва кафедраи забон ва адабиёти тоҷик.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ