Ба фаъолияти ҳокимон дар соҳаи туризм баҳо дода мешавад

Ба фаъолияти ҳокимон дар соҳаи туризм баҳо дода мешавад

Лоиҳаи қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чораҳои минбаъд диверсификатсия намудани хизматрасониҳои туризм дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» барои муҳокимаи мардум гузошта шуд.
Мувофиқи лоиҳа меъёрҳои баҳодиҳии самаранокии фаъолияти Шӯрои Вазирони Ҷумҳурияти Қароқалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар соҳаи туризм таҳия карда мешавад.
Инчунин, дар лоиҳаи қарор ба зимми Кумитаи давлатии рушди туризм як қатор ӯҳдадориҳо, чун мониторинг ва мувофиқгардонии иҷрои нишондодҳои мақсаднок, тасдиқи рӯйхати ғояҳои инноватсионии тиҷорат рушди хизматрасонии туристӣ аз ҷониби соҳибкорони сайёҳӣ дар бозори миллӣ ва ғайра гузошта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ