Дар Ургут қонунҳои нав бо иштироки сенатор муҳокима карда шуд

Дар Ургут қонунҳои нав бо иштироки сенатор муҳокима карда шуд

Рӯзи 24-уми январи соли ҷорӣ дар Муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Ш.Мирзиёев таъкид гардид, ки ба воситаи ворид намудани сенаторон ба Шӯроҳои маҳаллӣ ва муҳокимаи якҷояи лоиҳаҳои қонунҳо боз ҳам пурзӯр кардани фаъолияти Шӯроҳо зарур аст.
Аз ҷониби Кумитаи масъалаҳои ҷавонон, маданият ва спорти Сенат бо иштироки депутатони Шӯрои ноҳияи Ургут лоиҳаҳои Қонун “Дар бораи маданият” ва “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурияти Ӯзбекистон бинобар таҳкими минбаъдаи кафолатҳои ҳуқуқи кӯдакон” муҳокима карда шуд.
Дар он сенаторон, раисони комиссияҳои доимии Шӯрои ноҳиявии намояндагони халқ, ходимони соҳаҳои дахлдор, инчунин, кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ иштирок намуданд.
Инчунин, қайд гардид, ки таҳлили амиқи манфиатҳои минтақаҳо дар қонунҳои қабулшуда, бо мазмуну моҳияти қонунҳо саривақт шинос кардани шаҳрвандоне, ки дар деҳаҳои дурдаст зиндагӣ доранд, омӯхтани муаммоҳои аҳолӣ вазифаи ҳар як депутат мебошад.
Аз рӯйи қонунҳои муҳокимашуда, таклифу мулоҳизаҳои намояндагони халқ баён карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ