Дар таърихи ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин форуми байналхалқии авиатсионӣ гузаронида шуд

Дар таърихи ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ нахустин форуми байналхалқии авиатсионӣ гузаронида шуд
  • Post category:Ҷаҳон

Дар «Ӯзэкспомарказ»-и пойтахт бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ форуми байналхалқии авиатсионии «Uzbekistan Airports, Aviation & Logistics (UAALF-2020) баргузор гардид.
Дар «Ӯзэкспомарказ»-и пойтахт бори аввал дар таърихи ҷумҳурӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ форуми байналхалқии авиатсионии «Uzbekistan Airports, Aviation & Logistics (UAALF-2020) баргузор гардид.
Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ, Вазорати нақлиёт ва ширкати «FairExhibition Organizers» ташкилотчиёни чорабинии мазкур мебошанд. Дар он қариб 130 ташкилоти байналхалқӣ, зиёда аз 60 экспонат, 300 намоянда ва 1200 мутахассиси хориҷӣ аз чаҳор қитъа, роҳбарони идораҳои нақлиёт, авиатсияи гражданӣ, аэропортҳо, фирмаҳои логистикию сайёҳӣ иштирок карданд.
Дар қатори онҳо «Аэрофлот» ва «ИрАэро»-и Русия, «Боинг» ва «Ҷеткрафт»-и ИМА, «Эйр чартер сервис»-и Бритониёи Кабир, «ЛюфтганзаКонсалтинг»-и Олмон, «ЕГИС»-и Фаронса, «АТР»-и Испания, «Митсубиси»-и Ҷопон ва ширкатҳои авиатсионии Озарбойҷон, Қазоқистон, Баҳрайн, Эрон, Куриёи Ҷанубӣ, Туркия ва ғайра ширкат варзиданд.
– Форуми мазкур барои иштирокчиён дар шиносоӣ бо мутасаддиён, рушди муносибатҳо ҳамчун заминаи мустаҳкам хидмат хоҳад кард, – таъкид намуд раиси Кумитаи давлатии рушди сайёҳӣ Азиз Абдуҳакимов. – Натиҷаи намоиш ва гуфтушунидҳо дар Ӯзбекистон, ҷалб намудани ширкатҳои намоёнтарини авиатсияи ҷаҳонӣ хеле муҳим мебошад.
Маҳсулот ва хидматҳои аэропортҳо, авиатсия ва логистикаи намоишгоҳ дар такмили имкониятҳои логистикии кишварамон, барои қонеъ намудани талабҳои авиарейсҳо заруранд.
Тавре ки Президент Ш.Мирзиёев 28 январи соли ҷорӣ дар баромади худ барои боз ҳам хубтар намудани сифати хидматрасонӣ ба пассажирони самолёт ва поездҳои тезгард ба роҳбарони ширкатҳои мазкур таъкид намуд, бо кушодани рейсҳои нав, зиёд намудани миқдори поездҳои тезгард нархи билетҳо арзон карда мешавад.
Аз рӯйи гуфти вазири нақлиёт Элёр Ғаниев дар ду-се соли оянда 5-6 нақлиёти мусофиркашонии нави ҳавоӣ ҷалб карда мешавад. Онҳо дар бозори мо ба сифати резиденти Ӯзбекистон қайд мегарданд, ки ҳоло дар ин самт корҳои калон ба амал бароварда мешаванд. Инчунин ӯ ёдрас намуд, ки лоиҳаи «Аэропорти Навоӣ» аз боиси баландии нархи сӯзишворӣ рушд наёфт. Муҳити хуби рақобатро созмон дода, аз рӯйи шароити хуби обуҳаво ва ҷойгиршавии географӣ хатсайри мазкурро пурра ба роҳ бояд монем.
К.СУЛТОНОВ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ