Тоҷикистон мехоҳад аз кишварҳои ҳамсоя андози об гирад

Тоҷикистон мехоҳад аз кишварҳои ҳамсоя андози об гирад

  • Post category:Ҷаҳон

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки аз кишварҳои ҳамсоя барои захираҳои обӣ андоз ситонад. Дар ин бора Ҷамшед Шоимзода, муъовини вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон ахиран дар ҷаласаи порлумонӣ гуфт.
Ба гуфтаи Шоимзода, дар замони шӯравӣ кишварҳои иттиҳод барои истифода аз захираҳои обии Тоҷикистон ба Душанбе бо газ бензин ва ғайра андоз супоридаанд. Ӯ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир набудани чунин механизм боиси таассуф аст. Ҳамчунин, ӯ изҳори умед кард, ки дар оянда ҳамзамон бо роҳандозии робитаҳои дӯстона дар миёни Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳо, дар ин самт пешравиҳои хуб низ ба амал хоҳанд омад.
Шоимзода гуфт, ки дар Тоҷикистон беш аз 65 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ ҳосил мешавад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ