Парвози хатсайрҳои ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон қатъ шуданд

Парвози хатсайрҳои ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон қатъ шуданд

  • Post category:Ҷаҳон

Парвози хатсайрҳои ҳавоӣ аз Эрон ба Тоҷикистон ва бозгашти онҳо дар робита ба пайдошавии коронавирус дар чанде аз шаҳрҳои Эрон қатъ шуданд. Дар ин бораи “Азия-Плюс” хабар медиҳад.
Назар ба маълумотҳо бархе аз кишварҳо, аз ҷумла, Ироқу Кувайт ва Арманистону Озарбойҷон низ бо мақсади бехатарӣ иртиботи ҳавоиро бо Эрон қатъ кардаанд.
Бояд гуфт, ки парвозҳо байни Эрону Тоҷикистон дар як ҳафта ду маротиба аз ҷониби ширкати Varesh Airlines бо хатсайрҳои Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон анҷом дода мешуданд.
Дар ҳамин ҳол, шумори умумии ҳолатҳои тасдиқшудаи сирояти коронавирус дар Эрон то 43 кас расида, аз ин шумор 8 нафар фавтидаанд.
Бино ба маълумоти хабаргузории DW, эҳтимол вирус ба кишвар тавассути як сокини ҳалокшудаи шаҳри Қум, ки замони хуруҷи коронавирус ба Чин рафта буд, ворид шуда бошад.
asiaplustj.info/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ