COVID-2019 оё вируси маснӯъӣ аст?

COVID-2019 оё вируси маснӯъӣ аст?
  • Post category:Ҷаҳон

Чжан Ханхуей, сафири Чин дар Маскав имрӯз, 24 феврал дар нишасти матбуъотӣ ширкат кард. Яке аз саволҳое, ки ба ӯ доданд, дар бораи овозаҳои ба сурати маснӯъӣ сохта шудани коронавирус аз сӯи инсон буд.
дар ҳақиқат, дар бораи пайдошавӣ ва паҳншавии коронавируси COVID-2019 фикру овозаҳои гуногуне имрӯз дар байни одамон вуҷуд дорад. Сафири Чин таъкид кард, ки инҳо овозае беш нестанд.
Ӯ гуфт, “Ман метавонам дақиқан ба шумо бигӯям, ки вирус ба сурати маснӯъӣ сохта нашудааст”.
Ёдовар мешавем, ки то ҳол ба сурати расмӣ коронавирус ба 79 561 нафар сироят кардааст. 2 619 нафар қурбони коронавирус шуданд. 25 023 нафар тавонистанд аз COVID-2019 шифо ёбанд. Берун аз Чин дар 28 кишвари ҷаҳон 1769 нафар мубталои коронавирус шуданд ва дар 17 маврид он боиси марги беморон шуд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ