Дар Фаронса пайкараи Ибн Сино қад хоҳад афрохт

Дар Фаронса пайкараи Ибн Сино қад хоҳад афрохт

  • Post category:Ҷаҳон

Сардор Рустамбоев, сафири Ӯзбекистон дар Фаронса бо Патрик Оле, шаҳрдори Рюэй Малмезон дидор кард. Дар ин бора хабаргузории “Дунё” навиштааст.
Дар мулоқот вазъияти имрӯза ва дурнамои ҳамкории Ӯзбекистон ва Фаронса дар мисоли робитаҳои бародаршаҳрон – Бухоро ва Рюэй Малмезон баррасӣ шуд.
Намояндагони Фаронса таъкид карданд, ки ташрифи ҳайъати намояндагони ду тараф ба кишварҳои ҳамдигар ва тадбирҳои фарҳангиву инсондӯстӣ ва сайёҳӣ ба сурати муназзам баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳри Рюэй Малмезон пайкараи Ибн Сино қад хоҳад афрохт. Ҳамчунин, дар шаҳр “Боғи Ӯзбекистон” низ бунёд хоҳад шуд.
Тарафҳо дар поёни мулоқот тавофуқ карданд, ки дар оянда дар “Боғи Ӯзбекистон” ба ифтихори ҷашни Наврӯз бо ширкати ҷамоъаҳои ҳунарии Ӯзбекистон тадбирҳо барпо хоҳанд шуд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ