Дар роҳҳои пиёдагард насби рекламаҳо мамнӯъ шуд

Дар роҳҳои пиёдагард насби рекламаҳо мамнӯъ шуд

20-уми феврали соли ҷорӣ ҳукумат қарори “Дар бораи танзими бозори рекламаи берунӣ”-ро қабул кард.
Бар асоси ин қарор, рекламаҳои берунӣ дар қитъаҳои замин ба муддати 10 сол ва дар биноҳову сохтмонҳои давлатӣ ба муддати 5 сол дода мешавад. Шиносномаи ҷойҳои реклама аз тариқи марказҳои хидматрасониҳои давлатӣ бо пардохти якбора дода мешавад.
Ҳамчунин, муддати сохтмонҳои рекламаи берунӣ, ки видеоэкран доранд ва дар қитъаи замин насб шудааст, ба 10 соли иловагӣ тамдид карда мешавад.
Бар асоси додаҳо, ҳоло барои мутобиқсозии сохтмонҳои рекламаи берунӣ ба талаботи нав, ки ба сурати ноқонунӣ насб шудаанд, 6 моҳ муддат дода шудааст.
Агар сохтмонҳои ноқонунии реклама дар ин муддат ҷавобгӯи талаботи нав нагарданд, дар ин ҳол онҳо аз сӯи худи соҳибонашон аз ҷой гирифта мешаванд. Дар акси ҳол ин кор аз тариқи додгоҳ амалӣ мегардад.
Гуфта мешавад, ки аз 1-уми марти соил ҷорӣ дар шаҳри Тошканд тартиби нави насби рекламаҳои берунӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Аз оғози баҳор танҳо сохтмонҳои рекламаҳои беруние, ки бо технологияҳои пешрафта омода шудаанд, ҳуқуқи насб дар қитъаҳои заминиро (аз тариқи «E-IJRO AUKSION») хоҳанд дошт.
Бо ин қарор ҷойҳои мамнӯъ барои насби сохтмонҳои рекламаи берунӣ низ муъайян гардид. Аз ҷумла, акнун дар роҳҳои пиёдагард рекламаҳои берунӣ насб мамнӯъ мегардад.
Ҳамчунин, низоми додани ҳуқуқи сохтусози сохтмонҳои рекламаи берунӣ, таҳияи феҳристи замину бинову сохтмонҳои сохтусозӣ аз тариқи музоядаи электроникӣ тасдиқ шуд.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ