Нахуствазири Қазоқистон ба Ӯзбекистон меояд

Нахуствазири Қазоқистон ба Ӯзбекистон меояд

  • Post category:Ҷаҳон

Асқар Мамин, нахуствазири Қазоқистон барои ширкат дар форуми байниминтақавӣ ба Ӯзбекистон меояд.
Рӯзҳои 25-26 феврал дар шаҳри Урганчи вилояти Хоразм дувумин форуми ҳамкории байниминтақавии Ӯзбекистон ва Қазоқистон баргузор мешавад.
Дар ин тадбир Абдулло Арипов ва Асқар Мамин, нахуствазирони ду кишвар ширкат мекунанд.
Ҳадаф аз баргузории форум таҳкими шарикии стратегӣ, робитаҳои ҳамсоягӣ, табодули иттилоъот дар бораи тавону имконоти саноъатии ду минтақа, ҳамкории мустақим ва ғайра мебошад. Форум бо ҳузури тадбиркорони Ӯзбекистон ва Қазоқистон, сиёсатмадорон барпо мегардад. Дар чорчӯби форум намоишгоҳи маҳсулоти муқтадири тарафҳо баргузор хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ