Дар Тоҷикистон ба директори тарабхона барои 10 меҳмони “зиёдатӣ” дар тӯй беш аз 38 миллион сӯм ҷарима таъин шуд

Дар Тоҷикистон ба директори тарабхона барои 10 меҳмони “зиёдатӣ” дар тӯй беш аз 38 миллион сӯм ҷарима таъин шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурияти Тоҷикистон директори тарабхонаи хусусии “Зулола”-и ноҳия Зиёда Ғафуроваро ба риоя накардани меъёрҳои моддаи 10-и қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” айбдор донист. Дар ин бора шабакаи “Азия плус” хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурияти Тоҷикистон, меъёри зикршудаи қонун баргузории тӯйи домодию арӯсиро бо оростани зиёфат барои 150 нафар муқаррар кардааст.
Гуфта мешавад, дар тӯйхонаи мазкур 25-уми декабри соли гузашта ҳангоми баргузор кардани тӯйи домодию арӯсӣ барои зиёда аз 160 нафар меҳмонон ҷойи нишаст ва шароит муҳайё шуда буд.
Аз рӯйи ин далел прокуратураи ноҳия санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, бо қарори суди маҳаллӣ ба Зиёда Ғафурова 38 ҳазору 800 сомонӣ (қариб 38 миллиону 800 ҳазор сӯм) ҷазои ҷарима таъин кард.
asiaplustj.info/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ