Ба вайронкунандагони меъёрҳои тӯйгузаронӣ чӣ қадар ҷарима таъин мегардад?

Ба вайронкунандагони меъёрҳои тӯйгузаронӣ чӣ қадар ҷарима таъин мегардад?

  • Post category:Асосӣ

Дар маҷлиси умумии навбатии Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон депутатҳо лоиҳаи қонун “Дар бораи иловаҳо ба Кодекси ҷавобгарии маъмурии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон”-ро баррасӣ намуданд.

Лоиҳаҳои қонун дар асоси барномаи чораву тадбирҳо оиди камхарҷ гузаронидани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ ва маросимҳо, ки бо қарори муштараки Шӯрои палатаҳои Қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис аз 14-уми сентябри соли 2019 тасдиқ шуда буд, омода гардидааст.

Барои риоя нанамудан ба талабҳои умумӣ, ки ба гузарондани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ ва маросимҳо бо лоиҳаҳои қонун роҳандозӣ шудааст, муайян гардидани ҷавобгарии маъмурӣ дар назар аст.

Агар тартибҳои мазкурро соҳибони маърака вайрон кунанд ба миқдори 10 баробари миқдори ҳисобкунии базавӣ таъин гардидани ҷарима дар назар аст. Агар тартиби мазкур аз ҷониби шахсони мансабдори тӯйхона, кафе ва ресторанҳо риоя нашавад ба миқдори 30 баробари миқдори ҳисобкунии базавӣ ҷарима ситонида мешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ