Вазифаи асосии ДОРУХОНАҲОИ ИҶТИМОӢ

Таъмин намудани аҳолӣ, инчунин, баъзе табақаҳои алоҳидаи одамон, ки соҳиби имтиёз ҳастанд бо доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ аз вазифаҳои асосии дорухонаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Аз ҷумла, дорухонаҳои иҷти¬моӣ барои фурӯши яклухти воситаҳои дору ва таҷҳизоти тиббӣ, онҳоро аз таъминотчи¬ёне, ки ба истеҳсоли воситаҳои доругӣ ва таҷҳизоти тиббӣ рух¬сатнома доранд, мехаранд. (ғайр аз даровардан)
Фурӯши чаканаи доруҳои таъиншуда, ки аз ҷониби Вазо¬рати тандурустии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон тасдиқ шудааст, ё доруҳо тибқи рӯйхати тасдиқ¬шудаи доруҳои таъиншуда, ин¬чунин, ба намудҳои алоҳидаи шахсоне, ки бо тартиби муқа¬рарнамудаи қонун имтиёз до¬ранд, бо доруворӣ таъмин ме¬кунад.
Доруворӣ ва таҷҳизоти тиб¬биро бо тартиби муқаррарӣ ҳифз ва нобуд месозад. Вазора¬ти тандурустии Ҷумҳурияти Ӯз¬бекистонро дар бораи таъсири манфӣ ва камсамарии доруҳое, ки дар асоси шикоятҳои ис¬теъмолкунандагон муайян шу¬даанд, хабардор мекунад. Дар муддати ҳар се моҳ ба Иттиҳоди¬яҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо дар бораи доруҳое, ки ба рӯйхати до¬руҳои имтиёзноки табобатии бе¬морхонаҳо дохил карда шудааст, инчунин, оиди доруҳои дар до¬рухонаҳои иҷтимоӣ мавҷудбуда ва дорувориҳое, ки муваққатан дастнорасанд, маълумот тақдим мекунанд.
Ба шаҳрвандон аз рӯйи ни¬гаҳдорӣ ва истифодаи дурусти дорувориву ҷиҳозҳои тиббӣ мас¬лиҳатҳои муфид медиҳад.
Ҳисобҳои электронии ҳара¬кати доруҳо ва маҳсулоти тиб¬биро тавассути шабакаи дорухо¬наҳои иҷтимоӣ мегузаронад, ки ба аҳолӣ дар бораи мавҷудияти доруворӣ ва маҳсулоти тиббӣ маълумот медиҳанд.
Ҳангоми соҳиби литсензи¬яи дахлдор будан доруҳоро дар асоси дорухати шифокор тайёр мекунад ва назорати дохилии сифатро мегузаронад.
Хизмати матбуоти ширкати саҳҳомии «Дори Дармон».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ