Дар Чин ваксинаи самарбахш бар зидди коронавирус сохта шуд

Дар Чин ваксинаи самарбахш бар зидди коронавирус сохта шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Чин ваксинаи самарбахш бар зидди коронавирусро сохт, вале марҳилаи озмоиши он ба поён нарасидааст.
Дар ин бора Чжан Ханхуэй, сафири Чин дар Русия эълон кард.
Ба гуфтаи ӯ, доруҳои чинӣ дар муъолиҷаи коронавирус таъсиргузор аст. Самарбахшии доруҳои маҳаллӣ аз 85 дарсад дар баъзе ҷойҳо то 90 дарсад аст.
Ханхуэй таъкид кард, ки яке аз доруи таъсиргузор дар мубориза бо коронавирус хлорохина фосфат буда, ин дору тӯли солҳои дароз дар муъолиҷаи бемории безгак истифода мегардад.
Сафири чин гуфт, “Як доруи кӯҳнае, ки дар иттиҳоди шӯравӣ истеҳсол шудааст, низ дар муъолиҷаи коронавирус самар медиҳад. Беҳтарин роҳи аз байн бурдани коронавирус ин истифодаи муштараки тибби Аврупо ва Чин аст”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ