Коронавирус: Масъалаи таъвиқи Олимпиадаи Токио баррасӣ шуд

Коронавирус: Масъалаи таъвиқи Олимпиадаи Токио баррасӣ шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Кумитаи созмондиҳии Бозиҳои Олимпияи Токио-2020 таъхир ёфтани ҷараёни омодасозии довталабон ба ин мусобиқаро эълон кард.
Дик Паунд, узви кумитаи байналмилалии Олимпия гуфт, ки тасмими баргузории Олимпиадаи Токио-2020 баъди се моҳ гирифта мешавад.
Бино ба хабари AP News, Паунд гуфт, “Бояд то моҳи май мунтазир шавем. Умед дорем, ки эпидемияи вирус зери назорат гирифта мешавад. Дар акси ҳол, мумкин аст, ки лағви Бозиҳои Олимпия низ баррасӣ гардад.
Чанде пеш кумитаи созмондиҳии Токио-2020 эълон карда буд, ки омодасозии довталабон барои мусобиқа ба таъвиқ афтодааст.
Дар хабари кумитаи миллии Олимпияи Ӯзбекистон чунин гуфта мешавад, “Дар ин рӯзҳо бояд омодасозии довталабон амалӣ мешуд. Вале, созмондиҳандагон то ҳол лағви Бозиҳои Олимпияро баррасӣ накардаанд. Аз тарафи дигар, Токио ҳамагуна тадбирҳои умумиро лағв мекунад. Ба ин далел, омодасозии 2,7 ҳазор нафар довталаб барои кор дар Бозиҳои Олимпия дар моҳи май, ё дертар аз он баргузор хоҳад шуд”.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ