Ҳунарпешаи номдор Ғайбулло Ҳоҷиев даргузашт

Ҳунарпешаи номдор Ғайбулло Ҳоҷиев даргузашт

Ғайбулло Ҳоҷиев, ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон дар синни 63 чашм аз ҷаҳон пӯшид. Дар ин бора писари ӯ дар сафҳаи шабакаи иҷтимоъӣ хабар дод.
Ғайбулло Ҳоҷиев 11 майи соли 1956 дар Бухоро таваллуд шуд. Ӯ солҳои 1973-77 дар Донишкадаи санъати Тошканд таҳсил гирифт.
Ҳоҷиев соли 1976 дар театри Аброр Ҳидоятов фаъолияти худро оғоз кард. Аз соли 1987 кори худро дар театри Ҳамза идома дод.
Ғайбулло Ҳоҷиев бо нашқофариҳои худ дар филмҳои бисёр дар хотирҳо мондагор шуд.
Ӯ аз ҷумла, дар филмҳои “Папагандус”, “Илтимос, ба ман нигоҳ кун!”, “Умед”, “Ранҷ”, “Шаббона” ва “Шайтанат” нақш офаридааст.
Ҳамчунин, Ғайбулло Ҳоҷиев дар соҳаи дубляж низ фаъолияти пурсарамро анҷом дод. Қаҳрамонҳои филму мултфилмҳо бо овози ӯ меҳри тамошобинонро дарёфт кардааст.
Манбаъ: Qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ