Фаронса дар қаламрави худ коронавирусро “решакан” кард

Фаронса дар қаламрави худ коронавирусро “решакан” кард

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Фаронса ҳамаи беморони мубатлои вируси COVID-2019 шифо ёфтанд. Дар ин бора Оливйе Веран, вазири тандурустии Фаронса эълон кард.
Ба гуфтаи ӯ, дар Фаронса 12 нафар мубталои коронавирус шуда буданд. Ҳоло ҳамаи онҳо муъолиҷа шуданд ва дар кишвар дигар ягон нафар бемори ин вирус намонд.
Бино ба иттилоъи шабакаи телевизионии BFMTV ба нақл аз вазири тандурустии Фаронса, ҳоло дар ин кишвар ягон мавриди нави мубталошавӣ ба коронавирус, ё паҳншавии рух намедиҳад. Охирин беморе, ки дар бемористони Лион бистарӣ буд, комилан сиҳат шуд ва ба хонаи худ бозгашт”.
Вале, дар Италия, ҳамсояи фаронсавиҳо вазъият рӯз то рӯз мураккабтар мегардад. То ҳоли ҳозир беш аз 200 нафар мубталои коронавирус шуд. Вирус ҷони 6 нафарро гирифт. Мардуми Италия ҳоло дар хонаҳои худ хӯроквориро захира мекунанд, хариди ниқобҳои тиббӣ низ ба таври густурда мушоҳида мешавад.
Манбаъ: Qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ