Рӯзи гузашта нахустин автобус аз Самарқанд роҳи Санкт Петербургро гирифт

Рӯзи гузашта нахустин автобус аз Самарқанд роҳи Санкт Петербургро гирифт

Рӯзи гузашта, 25-уми феврал дар соати 08.00 нахустин автобус бо мусофирон аз Самарқанд ба сӯи шаҳри Санкт Петербурги Русия раҳсипор шуд. Автобус дар истгоҳи Тошканд чанд мусофири дигарро низ ҳамроҳ гирифт.
Фосилаи роҳ аз Самарқанд то Санкт Петербург 4436 километр мебошад. Нархи роҳ аз Самарқанд 840 ҳазор ва аз Тошканд 800 ҳазор сӯм аст. Автобус мусофиронро ба истгоҳи марказии дувумин шаҳри бузурги Русия мерасонад.
Дар ин роҳ ширкатҳои Uzautotrans service (Ӯзбекистон) ва «ТТК ГЛОБУС» (Русия) ба мусофирон хидматрасонӣ мекунанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ