Нашрияи The New York Times туҳфаҳои дарёфткардаи Трамп ва хонаводаашро дар соли 2018 эълон кард

Нашрияи The New York Times туҳфаҳои дарёфткардаи Трамп ва хонаводаашро дар соли 2018 эълон кард

  • Post category:Ҷаҳон

Мақомоти ИМА номгӯи туҳфаҳои тақдимшуда дар соли 2018 ба президенти Амрико Доналд Трамп ва ҳамсараш, инчунин котиби давлатӣ Майк Помпеоро нашр карданд.
Ба иттилои нашрияи The New York Times, дар соли 2018 туҳфаҳои дарёфткардаи Трамп ва хонаводааш дар маҷмуъ 88 ҳазору 420 долларро ташкил медиҳад.
Миёни ин номгӯ туҳфаи тақдимкардаи Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев ҳам зикр шудааст.
Сарвари давлат нусхаи нуқраии майдони «Регистон»-и Самарқандро, ки арзиши 2495 долларро дорад, ба Трамп ва рӯтахти хобро, ки арзиши 2400 долларро дорад, ба ҳамсари Трамп тақдим кардааст. Мирзиёев ба Майк Помпео мизи курсиҳои чӯбин тақдим кардааст, ки арзиши умумиашон 1580 доллар аст.
Туҳфаи Ш.Мирзиёев ба Трамп ду баробар гаронтар аз туҳфаи президенти Русия Владимир Путин аст. Дар соли 2018 Путин ба ҳамтои амрикоияш 12 тангаи нуқраи тақдим кард, ки дар маҷмӯъ арзиши 1500 долларро доранд.
ittiloot.com/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ