Рӯ ба рӯ бо марг гардида…

Рӯ ба рӯ бо марг гардида…

ё ки назаре ба тақдири аскари шабкӯр

Ягона гуноҳе, ки ӯ дошт, бепадар буд. Ин буд, ки аз ҳамсинфу ҳамсолон пештар ӯро ба ҷанг бурданд. Нафаре ёфт нашуд, ки ин ҷавони соддалавҳ ва аз шебу фарози умр бехабарро тарафдорӣ кунад ва барои боздоштан ҳаракат намояд. Ӯ аз аввалинҳо шуда, ба ҷанг рафт. Майдони разм майдони бозӣ набуд. Азоби зиёдро аз сар гузаронд. Се маротиба бо марг рӯ ба рӯ гардид. Гарчанд тири душман банди дасташро захмин карда буд, сари худро баланд дошт. Ҷавонмардона ҷанг кард, мубориза бурд. Ҳоло он ҷавони мубориз, аскари ватанпарвар пирамарди пурдидаи 96 сола аст, ки то ҳол мубориза мебарад. Борҳо шудааст, ки ёди он рӯзҳои сангин дилашро нороҳат ва хобашро парешон кардааст…
Ғанӣ Тоҷиев ҳоло дар маҳаллаи Ғазираи ноҳияи Ҷомбой умр ба сар мебарад. Тӯли солҳои 1941-1943 дар ҷанги хонумонсӯз иштирок кардааст. Вақте ки ба майдони муҳориба рафт, ҳамагӣ 16-сола буд. Дар ҷанг ярадор гардида, дар ҳоли вазнин ба кишвар баргардонида мешавад. Ғанӣ Тоҷиев он рӯзҳои душвори умрро то ҳол бо ҳасрат ба хотир меорад…


…Ҳамон рӯз ҷанги шадид мерафт. Аз тарафи душман аскарони онҳоро тирборон мекарданд. Ӯ ҳамроҳи ҳамсилоҳон хазида, пеш ҳаракат мекард. Ногоҳ сарпӯшаш аз сараш дур шуд. Аммо ӯ парвое накард. Чунки душман то рафт наздик меомад. Ҳар дақиқа ғанимат буд. Мавриди бепарво будан набуд, ба нишон бояд гирифт. Ҳа, чунин ҳам кард. Аввал дар сараш, баъд дар банди даст дардеро эҳсос кард. Баъд… Пас чӣ шуд?..
Баъд аз он чиҳо шуд, аниқ дар хотир надорад. Танҳо ҳамон дар хотираш мондааст, ки ҷавоне давон омада, ӯро сари китф бардошт ва ҷониби бошишгоҳи ҳарбӣ давид. Танҳо пас аз комилан сиҳат гардида, ба по хестан, тамоми воқеаҳоро аз дӯстону ҳамяроқон шунид.
Аён гардид, ки сарпӯшаш беҳуда аз сараш дур наафтода будааст. Ба сар ва банди дасташ тири душман расидааст. Ӯ ҳангоми гармии бадан дардро эҳсос накарда буд. Командири ҳанг полк аз ин воқеа хабардор шуда, шифокорро даъват мекунад. Духтур мегӯяд, ки аксари сарбозон фавтидаанд. Дар қатори 10-15 нафар сарбозони захмдор, ӯро ҳам ном гирифта, таъкид мекунад, ки «одам намешавад».
Ӯ дар ҷанг на як маротиба, балки се бор бо марг рӯ ба рӯ гардида буд ва ҳар бор саломат мемонд. Чӣ хел мумкин аст, ки одам нашавад? Ӯ тоқат мекунад. Чунки ӯро дар деҳа модари танҳои дуогӯяш интизор аст. Ӯҳдадор аст, то деҳа, Ватани худро ҳимоя кунад. Модараш ҳангоми гуселонидан гуфта буд, ки «Сиҳат рафта, саломат баргард. Сарат доим баланд бошад». Ӯ маҷбур аст, то одам шавад ва саломат баргардад.
– Дар ҷангали заҳнок, ки танга барин рӯшноӣ ҳам намеафтод, саломатиро аз даст додам, – мегӯяд Ғанӣ Тоҷиев. – Шабонгаҳ чашмонам надида монд. Саҳару шомро фарқ карда наметавонистам. Ин бемориро шабкӯр мегуфтаанд. Лекин дар пеш моро ҷанги муҳим буд. Сарвари рота амр кард, ки танҳо аз байни ҷангал роҳ равем. Ман нахостам ва аз роҳи равон рафтам. Чунки пеши чашмам рӯз то рӯз тиратар мегардид. Боре дар ҷангал ба дарахти қарағай бархӯрда ҷароҳат гирифта будам. Ба майдони ҷанг надаромада, захмин шуд, гуфта таъна заданд, ки бениҳоят сахт расид. Сардор инро аз куҷо ҳам медонист? Аз ин рӯ, оташин шуд. Ба ман бовар накард. Мили туфангро болои синаам гузошт.


– Аскар! Супоришро иҷро накунӣ, мепарронам! – дод зад.
– Дар торикӣ роҳ рафта наметавонам. Чашмам намебинад. Агар бовар накунед, дигар чӣ илоҷ. Парронед, паррондан гиред!
Ба паррондан тайёрӣ дид. Яке аз сардорони полк моро аз дур мушоҳида мекардааст, ки бо як ишора ӯро аз паррондан боздошт. Наздик омада, ду панҷаи худро ба чашмонам халонд. Мардумаки чашмам сӯхт. Аз чашмам об рафт…
– Номат чӣ? – пурсид сардор.
– Аскари оддӣ, Тоҷиев!
– Бас, кифоя. Чашми Тоҷиев намебинад. Аммо мард будааст. Ба ӯ ёрӣ диҳед, – гуфт ва аз пайи кори худ рафт.

Ҳа, ӯ маро аз марг наҷот дод. Барои маро тамасхур кардани сардори нобакору бадрафтор роҳ надод. Дар чунин шароити вазнин низ сарвароне, ки ақл ва одамгарии худро фаромӯш накардаанд, будаанд.
Пас аз 5-6 моҳ аҳволам беҳтар гардид. Дубора чашмонам нағз шуданд. Аммо пас аз ҳамон ҷанги, шаҳри Смоленск шуд, маро ба хона фиристоданд. Аввал дар шифохона табобат карданд. Дар байни шаш моҳ даъват мекунем гуфта буданд, аммо пас аз чанде дар арафаи анҷомёбӣ қарор доштани ҷанг маълум шуд. Бо ҳамин кори худро дар хоҷагии ҷамоатӣ давом додам.
Солҳои баъдиҷангӣ низ осон набуданд. Чунин Ватани ободу озод ва ҳаёти хушу хуррамро дидан танҳо моро насиб кард.
Инак, ба анҷоми Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ 75 сол мешавад. Гоҳо шаб хоб аз чашмам дур мешавад. Майдони ҷанг, хотироти мудҳиши он ба ёдам меояд. Онҳо маро як умр обутоб доданд. Доим ба ҳалол зистан водор карданд.
Ҳар сол дар арафаи 9-уми май аксарият ба дидорбинӣ меоянд. Табрик мекунанд. Дар байни сӯҳбат аз хотираҳои замони ҷанг мепурсанд. Ба онҳо аз воқеоти ҷанг нақл мекунам. Дар ҳақиқат, чаро нагӯям? Ҷавонони имрӯза бояд ҳаёти тинҷу осударо қадр кунанд. Чунин замон ва шароитҳое, ки барои онҳо фароҳам оварда шудааст, дар ягон давр набуд. Медонед, ки аз чӣ сабаб хотира ва қадр паҳлӯи ҳам истифода мешаванд? Чунки инсон бо ин ҳар ду зинда аст. Ӯ аз гуфтани чунин суханон ҳеҷ гоҳ хаста намешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ