Пешниҳоди як ҷавон: дар маҳаллаҳои ноҳия қуттиҳои партов гузошта шавад

Пешниҳоди як ҷавон: дар маҳаллаҳои ноҳия қуттиҳои партов гузошта шавад

Дар маскани “Китобхонони ҷавон”-и ноҳияи Самарқанд вохӯрии навбатии “Ҳоким ва ҷавонон” баргузор гардид.
Дар он ҳокими ноҳияи Самарқанд Носир Мавлонов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия Аминҷон Тошов, раиси Шӯрои ноҳиявии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон Мадина Баротова иштирок намуданд.
Аъзоёни Шӯрои ноҳиявии иттифоқи ҷавонон, донишомӯзон, тадбиркорони ҷавон, блогерҳо аз рӯйи муаммову масъалаҳои дахлдор ба ҳокими ноҳия муроҷиат намуданд. Баъзе масъалаҳо дар худи ҳамон ҷой ҳаллашро ёфта бошад, аз рӯйи баррасии муроҷиатҳои Ҷ. Адашқулов дар бораи таъмири замонавӣ ва бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин намудани майдончаи варзишии воқеъ дар маҳаллаи Мирзо Улуғбек, ва пешниҳоди Малоҳат Шодиева роҷеъ ба дар маҳаллаҳо ташкил намудани қуттии партовҳо ва монанди инҳо ба Шӯрои ноҳиявии иттифоқи ҷавонон ва ташкилотҳои муттасаддӣ супоришҳо дода шуд.
Инчунин, ҷавонони ташаббускор аз рӯйи нақшаҳои ояндаву лоиҳаҳои коркардаашон кушоду равшан ҳарф заданд. Аз ҷумла, тадбиркори ҷавон Рустам Аҳрорқулов ба ҳозирон дар бораи лоиҳаи “Мухлисони мавҳум” (“Биз билмаган мухлислар”) ва ба роҳ мондани “Китобхонаи китобҳои соядаст” (“Дастхатли китоблар китобхонаси”) маълумот дод.
Дар анҷом ҳокими ноҳия ва дигарон ба “Маскани китобхонони ҷавон” китоб тӯҳфа карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ