Сандуқи байналмилалии рушди ОПЕК ба Ӯзбекистон 54 миллион доллар ихтисос дод

Сандуқи байналмилалии рушди ОПЕК ба Ӯзбекистон 54 миллион доллар ихтисос дод

Дар шаҳри Венаи Австрия Ӯзбекистон бо Сандуқи байналмилалии рушди (СБР) созмони ОПЕК (кишварҳои содиркунандаи нафт) тавофуқномаи сармоягузориро имзо карданд.
Бар асоси ин санад, СБР ОПЕК барои беҳбудии таъмини 22 ҷамоъати деҳотии ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон ва шаҳри Намангон бо оби ошомиданӣ 54 миллион доллар кредити боимтиёз ихтисос медиҳад.
Шерзод Асадов, сафири Ӯзбекистон ва Абдулҳамид Алхалифа, мудии кулли СБР ОПЕК ин тавофуқномаро имзо карданд.
Бо амалӣ шудани лоиҳа дар вилояти Намангон ҳудуди 200 ҳазор нафар аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин хоҳанд шуд.
Тарафҳо баъди имзои тавофуқнома дар бораи вазъияти кунунии ҳамкорӣ ва ислоҳоти Ӯзбекистон дар заминаи иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ табодули афкор карданд.
Сандуқи байналмилалии рушди ОПЕК соли 1975 таъсис ёфтааст. Қароргоҳи асосии он дар шаҳри Вена ҷойгир аст. Ин созмон ба кишварҳои дар ҳоли рушд кумаки иҷтимоъӣ ва иқтисодӣ медиҳад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ