Риояи низом барои ҳама ҳатмист

Моҳҳои октябр – декабри соли гузашта ходимони эҷодии рӯзномаи «Овози Самарқанд» зиёда аз 50 маҳаллаи вилоят бо аҳолӣ вохӯриҳо ташкил намуданд. Дар ин вохӯриҳо дар бораи аз 1-уми январи соли 2020 ба амал ҷорӣ намудани Қарори муштараки Палатаи Қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис аз 14 – уми сентябри соли 2019 «Дар бораи боз ҳам такмил додани сохтори ба тартиб даровардани гузаронидани тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо» низ ҳарф заданд. Имрӯзҳо мардум фаҳмида истодаанд, ки камхарҷ ва ботартиб гузаронидани тӯю маросимҳо ба фоидаи худашон мебошад.
Баъзе одамони ҳангоматалаб роҷеъ ба меъёрҳои низом фикрҳои нодуруст мегӯянд. Дар қарор чӣ гуна талабот ба назар гирифта шудааст? Онҳоро бори дигар хотиррасон мекунем:

  1. Тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва маросимҳо танҳо як рӯз, аз соати 6:00 то 23:00 гузаронида мешавад.
  2. Дар тӯй, маърака ва маросимҳо то 200 нафар, дар маросими ошдиҳӣ ба муносибати тадбирҳои мазкур то 250 нафар, дар тантанаҳои оилавӣ то 50 нафар иштирок мекунанд.
  3. Дар тӯйҳои муштарак то 250 нафар, дар маросими ошдиҳии вобаста бо он то 300 нафар одам иштирок карданаш мумкин аст.
  4. Шахсоне, ки тӯй мегузаронанд, мақомоти худидораи шаҳрвандони ҷойи зистро камаш як ҳафта пеш бояд хабардор кунанд.
  5. Дар тадбирҳои оилавии вобаста бо ақди никоҳ ба истифодаи зиёда аз 3 адад мошини сабукрав ё ин ки воситаҳои нақлиётии дигари ба бехавфии ҷамоа таҳдидкунанда рухсат дода намешавад.
  6. Дар тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ маърака ва маросимҳо ба хизматрасонии автонақлиёте, ки литсензия надоранд, роҳ дода намешавад.
  7. Ба гузаронидани «талбон», «рӯбинон», «чиллагурезон» барин тадбирҳо иҷозат дода намешавад.
  8. Ба гузаронидани маросимҳои вобаста бо дафн ва мотам, мисли «бегоҳи панҷшанбе», «бегоҳи якшанбе», «бист», «чил», «оши ид», «оши сол», «матоъдиҳӣ» иҷозат дода намешавад.
  9. Барои дар тӯйхона, қаҳвахона ва ресторанҳо бо 50 нафар ва аз он зиёдтар шахс гузаронидани тадбирҳои оилавӣ байни соҳиби тадбир ва роҳбари ин муассисаҳо бояд шартнома баста шавад.
  10. Дар тӯйҳо, тантанаҳои оилавӣ, маърака ва марсимҳо хонанда, созанда, раққоса, баранда, суратгир ва дигарон мувофиқи ҳуҷҷатҳои қонунмандӣ дар асоси шартнома бояд хизмат расонанд. Дар тадбирҳо ба хизматрсонии беш аз ду нафар хонанда (гурӯҳ) роҳ дода намешавад.
  11. Маъмурияти тӯйхона, қаҳвахона ва тарабхонаҳо роҷеъ ба тадбирҳои оилавие, ки гузарондани онҳоро ба нақша гирифтаанд, ду ҳафта пеш ба мақомоти дахлдори ҳудуд ба тарзи хаттӣ бояд хабар диҳанд.

Ҷамшеди АСРОР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ