Парламент – мактаби демократия

Парламент – мактаби демократия

Президенти мамлакатамон Ш. Мирзиёев дар маърӯзаи худ дар ҷамъомади видеоселектории палатаҳои Олий Маҷлис ва вакилони ҳизбҳои сиёсиву Ҳаракати экологии Ӯзбекистон дуруст гуфтанд, ки “Демократия аз парламент оғоз меёбад. Зеро, парламентро мактаби демократия мегӯем. Бинобар ин, парламенти миллиамон мактаби ҳақиқии демократия бояд бошад. Дар ин бора, Шумо сенатор ва депутатҳо бояд намунаи ибрат бошед. Баҳсу мунозараҳои ҳақиқӣ, аввало дар минбари парламент ба амал омаданаш даркор. Дар ҳамон вақт намуди ҳақиқии ҳар як фраксияи ҳизб дар парламент намоён мегардад.
Фикр мекунам, ки ҳамаи мо ин ҳақиқатро хуб дарк мекунем: агар ҳоло дар палатаҳои Қонунофарӣ фаъолияти фраксияҳои ҳизбҳои сиёсиро пурзӯр нанамоем, эҷодкории қонун ва иҷрои қонунҳои қабулшуда, натиҷаи дилхоҳро намедиҳад”.
Инчунин, аз рӯйи ба роҳ мондани алоқаҳои мустаҳками байни депутатони палатаи Қонунофарии Олий Маҷлис ва маҳаллӣ як қатор вазифаҳо пешниҳод гардид. Аз оғози соли ҷорӣ иштироки депутатони Шӯроҳои маҳаллӣ дар ҷараёни омӯзиш ва қабули лоиҳаҳои Қонун аз ҷониби палатаи Қонунофарии Олий Маҷлис ба роҳ монда шуд.
Камина низ 25-уми феврали соли ҷорӣ дар ҷараёни муҳокимаи лоиҳаҳои қонун аз ҷониби палатаи Қонунофарии Олий Маҷлиси Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ҳамчун депутати Шӯрои маҳаллӣ иштирок намуда, бевосита дар ҷараёнҳо иштирок кардам.
Аз ҷумла, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурияти Ӯзбекистон таҳти рақами ЛҚ-628 “Дар бораи муайян намудани рӯзи ходимони сохтори маҳалла” дар ҷараёни муҳокима аз ҷониби фраксия ва депутатон бо 92 дарсад овоз дастгирӣ карда шуд. Яъне, 22-юми март ҳамчун Рӯзи ходимони сохтори маҳалла эълон гардид. Инчунин, аз ҷониби фраксия ва депутутҳо оиди боз ҳам пурзӯр намудани чораву тадбирҳои профилактикӣ нисбати нафароне, ки тартиби гузаронидани тӯю маросимҳо ва тантанаҳои оилавиро вайрон мекунанд, як қатор таклифу дархостҳо пешниҳод карда шуд.


Акбар МАҲМУДОВ, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳияи Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ