Шумори мубталоёни коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ аз 2 ҳазор нафар бештар шуд

Шумори мубталоёни коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ аз 2 ҳазор нафар бештар шуд

  • Post category:Саломатӣ

Дар Кореяи Ҷанубӣ шумори мубталоёни вируси COVID-2019 ба 2 ҳазору 22 нафар расид.
Дар ин бора хабаргузории Ёнҳап навиштааст.
Бар расоси додаҳои марказҳои назорат ва беҳсозии бемориҳо (KCDC), дар шаборӯзи гузашта 256 нафар мубталои нави коронавирус кашф шуданд. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд рӯз пеш шумори кулли мубталоён аз ҳазор нафар бештар набуд.
13 нафар дар ин кишвар қурбони коронавирус шуданд.
Нахустин бемори коронавирус дар Кореяи Ҷанубӣ шаҳрванди Чин буд, ки аз Ухан омада буд. Бемории ӯ 20 январ маълум шуд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ