Cуханронии Мирзиёев дар бораи камбағалӣ

Cуханронии Мирзиёев дар бораи камбағалӣ


Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишвар рӯзи гузашта дар ҷаласаи видеоселекторӣ, ки дар бораи иқдому тадбирҳои коҳиш додани бенавоӣ аз тариқи рушди тадбиркорӣ баргузор шуд, дар мавриди камбағалӣ дар Ӯзбекистон сухан ронд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, 12-15 дарсад, ё 4-5 миллиони аҳолӣ дар бенавоӣ зиндагӣ мекунанд. Аммо ин тано натиҷаи ҳисоб-китоби муқаддимотӣ аст. Мирзиёев дар раванди суханронӣ дар бораи даромади аҳолии камбағал низ ҳарф зад.
Ӯ гуфт, “… Яъне даромади рӯзонаи онҳо 10-13 ҳазор сӯм болотар намеравад. Ё, як хонавода метавонад ҳам мошин ва чорво дошта бошад. Лекин як нафар бемори вазнин шавад, ҳадди ақал 70 дарсади даромади хонавода ба муъолиҷаи вай сарф мешавад. Хӯш, оё мумкин аст, чунин хонаводаро бениёз бигӯем? Саволҳое дар бораи ниёзи ҳаррӯзаи мардуми мо аз қабили хӯрокхӯрӣ, муъолиҷа, таҳсили фарзандон ва пӯшидани онҳо ба ман ҳар рӯз ранҷ медиҳад”.
Қобили зикр аст, ки камбағалӣ дар Ӯзбекистон тӯли солҳои дароз “мавзӯъи пӯшида” буд. Пешвои кишвар рӯзи 24 январ дар муроҷиъати худ ба порлумон дар ин бора ошкора суханронӣ кард ва нахустин бор дар таърихи Ӯзбекистон коҳиш додани сатҳи бенавоиро яке аз вазифаҳои муҳим таъин кард.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ