Люксембург – нахустин кишвари ҷаҳон, ки ҳамлу нақли умумӣ дар он бепул аст

Люксембург – нахустин кишвари ҷаҳон, ки ҳамлу нақли умумӣ дар он бепул аст

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Люксембург аз 1 марти соли ҷорӣ автобус, трамвай ва қатораҳо ба мардум бепул хидматрасонӣ хоҳанд кард. Дар ин бора расонаҳои аврупоӣ хабар медиҳанд.
Бо ин ҳол, Люксембург якумин кишвари ҷаҳон хоҳад буд, ки ҳамлу нақли умумӣ дар он ройгон мешавад.
Намояндагони ҳукумати кишвар таъкид мекунанд, ки ҳадаф аз ин иқдом аз автомобилҳои хусусӣ ба ҳамлу нақли умумӣ рӯ оварондани аҳолӣ мебошад. Бо ин роҳ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр роҳбандон ва ба атмосфера хориҷ шудани газҳои зарарнок коҳиш хоҳад ёфт.
Гуфта мешавад, ки ин иқдоми Люксембург ҳамасола аз будҷаи давлатӣ тақрибан 41 миллион доллар “мехоҳад”.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ