Тезу тунд шудани вазъият дар Идлиб: Ҳамлаи Сурия 33 нафар низомии Туркияро ҳалок кард

Тезу тунд шудани вазъият дар Идлиб: Ҳамлаи Сурия 33 нафар низомии Туркияро ҳалок кард

  • Post category:Ҷаҳон


Нерӯҳои ҳавоии Сурия дар Идлиб ба мавқеъи сарбозони Туркия ҳамлаеро анҷом доданд, ки дар натиҷа 33 нафар низомии турк кушта ва беш аз 30 нафар захмӣ шуданд.
Раҷаб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар пайи хабари ин ҳамла дар бораи масъалаҳои амниятӣ ҷаласа баргузор кард. Ӯ таъкид кард, ки Анқара дар мавриди Идлиб ақибнишинӣ нахоҳад кард ва ҳузури низомии Туркия дар ин вилояти Сурия идома хоҳад ёфт.
Дар зимн, низомиёни Туркия шаби 27 феврал ба мавқеъи нерӯҳои Сурия дар Идлиб ҳамларо оғоз кардааст. Дар ин бора Фахриддин Олтун, намояндаи расмии Анқара маълум кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ