Соли 2019: 1550 нафар духтари ӯзбекистонӣ бо шаҳрвандони Туркия издивоҷ карданд

Соли 2019: 1550 нафар духтари ӯзбекистонӣ бо шаҳрвандони Туркия издивоҷ карданд

Соли гузашта 1550 нафар духтари ӯзбекистонӣ бо шаҳрвандони Туркия издивоҷ карданд. Ҳамчунин, 11 нафар писари ӯзбекистонӣ бо духтарони туркияӣ издивоҷ карданд.
Соли 2019 6,7 дарсади издивоҷи мардони турк бо хориҷиён бо духтарони ӯзбекистонӣ будааст. Аз лиҳози шумор бонувони кишвари мо дар феҳрист дар паллаи чаҳорум қарор доранд. Бештарини арӯсҳои хориҷӣ дар Туркия соли гузашта духтарони сурӣ (14,5 дарсад) буданд. Бонувони озарбойҷонӣ ва олмонӣ дар паллаҳои дувум ва савум ҷойгиранд.
Бино ба додаҳои расмии Туркия, шумори арӯсони хориҷӣ назар ба домодҳои хориҷӣ хеле бештар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ