Коронавирус ба 3 кишвари дигар роҳ ёфт

Коронавирус ба 3 кишвари дигар роҳ ёфт

  • Post category:Ҷаҳон

Имрӯз шумори кишварҳое, ки коронавирус паҳн шуданд, ба 52-то расид.
Бино ба хабари нашрияи South China Morning Post, дар як шабонарӯз дар Белорус, Литва ва Зеландияи Нав низ сироят шудани коронавирус ба одамон сабт шуд.
Бар асоси додаҳои хабаргузории Ройтерз, коронавирус ба Нигерия низ расидааст.
Дар рӯзи гузашта дар Чин 44 нафари дигар дар пайи мубтало шудан ба COVID-2019 фавтиданд. Шумори кулли қурбониёни коронавирус ба 2788 нафар шумори захмиён ба 78824 нафар расид.
Дар Кореяи Ҷанубӣ вирус ба 2022 нафар сироят кард. Рӯзи гузашта дар 256 нафар вирус кашф шуд. Дар ин кишвар 13 нафар ба иллати мубталошавӣ ба коронавирус ҷон бохтанд.
Дар Италия, ки маркази паҳншавии вирус дар Аврупо шуд, шумори беморон аз 400 ба 650 нафар расид, 17 нафар натавонистанд дар баробари коронавирус истодагӣ кунанд.
Оҷонси арзёбии Moodyʼs пешбинӣ мекунад, ки паҳншавии коронавирус боиси буҳрони ҷаҳонӣ ва коҳиши суръати рушди иқтисоди ИМА дар нимаи аввали соли ҷорӣ мегардад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ