Дар беш аз 30 нақлиёти мусофиркашони шаҳр мониторҳои махсус ҷойгир карда шуд

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои нохуш ва қоидаҳои бехавфии роҳ дар миқёси вилоят тадбирҳои профилактикӣ гузаронида мешавад. Аз ҷумла, Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва ҳаракати бехавфии роҳ бо ҳамкории корхонаи шӯъбаи нақлиётӣ ба нақлиётҳои мусофиркашони шаҳр мониторҳои махсус гузошт. Дар монитори мазкур видеороликҳо дар бораи риояи қоидаҳои ҳаракати бехавфии роҳ, ахбори матбуоти вилоят оиди бехавфии роҳ тайёр карда шудааст.
Инчунин, буклетҳо дар шакли муроҷиатнома тайёр карда шуда, дар дохили автобусҳо ва дар истгоҳҳо овезон карда мешавад. Мақсад аз гузаронидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ амал намудани шаҳрвандон ба қодаҳои бехавфии роҳ буда, боз ҳам ҳушёр буданро талаб мекунад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ