Туркия дарвозаи Аврупоро ба рӯи паноҳҷӯён боз мекунад

Туркия дарвозаи Аврупоро ба рӯи паноҳҷӯён боз мекунад


Ҳукумати Туркия дар пайи шиддат гирифтани вазъияти Идлиб тасмим гирифт, то роҳро барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки мехоҳанд аз тариқи баҳр, ё замин ба Аврупо бирасанд, ба муҳлати 3 шабонарӯз боз кунад. Кормандони пулис, ҳифзи соҳил ва гузаргоҳҳои марзии Туркия вазифадор шуданд, ки бар зидди муҳоҷирон коре накунанд. Дар ноҳияи Дикилии вилояти Измир паноҳҷӯён барои харид кардани қаиқҳои резинӣ ва шино кардан ба сӯи дигар ҷазираҳои баҳри Эгей пул ҷамъоварӣ мекунанд.
Расонаҳои туркӣ хабар медиҳанд, ки дар соҳили вилояти Чанакқалъа гурӯҳи муҳоҷирон ҷамъ омадаанд, ки мехоҳанд ба ҷазираи Лесбоси Юнон раванд.
Дар вилояти Эдирне муҳоҷирон бо автобус ва пойи пиёда ба сӯи марзҳои Болгария ва Юнон раҳсипор шудаанд.
Раҷаб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия қаблан борҳо ба Брюссел таҳдид карда буд, ки аз пешгирии роҳи муҳоҷирон ба сӯи Аврупо худдорӣ кунад.
Дар қаламрави Туркия ҳоло беш аз 3,5 миллион нафар паноҳҷӯи фирории Сурия ҷамъ шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ