Раисҷумҳури Муғулистонро баъди сафари Чин ба карантин нишонданд

Раисҷумҳури Муғулистонро баъди сафари Чин ба карантин нишонданд

  • Post category:Ҷаҳон


Халтмаагийн Баттулга, раисҷумҳури Муғулистон баъди сафари якрӯза ба Чин ба муҳлати 14 рӯз карантиннишин шуд. Дар ин бора хабаргузории Montsame хабар дод.
Ҳамчунин, вазирону мушовирон ва низомиёне, ки дар ин сафар ба ӯ ҳамроҳӣ карда буданд, низ дар карантин нигоҳ дошта мешаванд.
Раисҷумҳури Муғулистон рӯзи 27 феврал ба кишвари худ баргашта буд. Ӯ дар ин сафар ба Чин 30 ҳазор сар гӯсфандро ҳамчун кумаки инсондӯстонӣ ҳадя карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ