Дар Туркманистон нархи маҳсулоти ғизоӣ боло меравад

Дар Туркманистон нархи маҳсулоти ғизоӣ боло меравад

  • Post category:Ҷаҳон


Дар Туркманистон баъди баста шудани марзҳои давлатии ин кишвар бо Эрон нархи маҳсулоти ғизоӣ хеле боло меравад. Дар бозорҳову мағозаҳои Туркманистон бо коҳиш ёфтани маҳсулоти хориҷӣ ҳамзамон камбуди маҳсулоти дохилӣ низ дида мешавад.
Аз ҷумла, нархи картошкаи эронӣ дар як ҳафта беш аз 3 баробар афзоиш ёфт ва баъдан дар растаҳои фурӯшгоҳҳо нопадид гардид. Ин ҳамчунин боиси қимат шудани нархи картошкаи туркманӣ шуд, ки сифати он аз навъи эронӣ пасттар аст.
Ёдовар мешавем, ки Туркманистон баъди паҳншавии коронавирус дар Эрон маҷбур шуд, ки марзҳои муштарак бо ин кишварро бибандад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ