Сарватмандони ҷаҳон дар як ҳафта беш аз $444 миллиарди худро аз даст доданд

Сарватмандони ҷаҳон дар як ҳафта беш аз $444 миллиарди худро аз даст доданд

  • Post category:Ҷаҳон


Паҳншавии коронавирус, ки биржаҳои ҷаҳониро ҳафтаи гузашта ба ларза даровард, 500 нафар сарватмандтарин марди ҷаҳонро дар кулл аз 444 миллиард доллар маҳрум кард. Дар ин бора Блумберг хабар медиҳад.
Ҷефф Безос – раиси ширкати Amazon, Билл Гейтс – поягузори Microsoft ва Бернар Арно – мудири кулли ширкати Louis Vuitton Moet Hennessy, ки 3 нафари сарватмандтарини ҷаҳон ҳастанд, дар як ҳафта 30 миллиард доллар зарар диданд.
Илон Маск, раиси Tesla, ки дар феҳристи сарватмандони ҷаҳон дар паллаи 25-ум қарор дорад, 9 миллиард доллари худро аз даст дод.
Гуфта мешавад, ки индексҳои биржаҳои муҳимми ҷаҳонӣ аз 24 фаврал ба ин сӯ рӯ ба поинравӣ доранд. Бозорҳои бузурги саҳҳомӣ дар ин муддат тақрибан 6 триллион долларро гум карданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ