Коронавирус дубора дар Фаронса.

Коронавирус дубора дар Фаронса.

  • Post category:Саломатӣ

Ин бор вазъият ҷиддитар аз қабл
Рӯзи 24 феврал Оливе Верана, вазири тандурустии Фаронса дар мусоҳибаи телевизионӣ гуфта буд, ки ҳамаи беморони вируси COVID-2019 дар ин кишвар муъолиҷа шуданд, ва дигар ягон мубталое намонд.
Аммо, баъди ду рӯзи он дар Фаронса дубора коронавирус паҳн шуд.
Бино ба хабари Регнум ба нақл аз France Info, то ҳол шумори мубталоёни COVID-2019 дар кишвар ба 57 нафар расидааст. Ду нафар қурбони вирус шуданд.
Оливе Верана аз мардум хостааст, ки ба коҳиш додани паҳншавии коронавирус дар Фаронса кумак диҳанд. Ӯ пешниҳод кард, ки одамон ҳангоми вохӯрӣ дастфишорӣ накунанд. Ҳамчунин, Верана ба шаҳрвандон маслиҳат дод, ки дастҳоро бештар шустушӯ кунанд, аз салфеткаҳо истифода кунанд ва ҳангоми атса задан даҳони хуро бипӯшанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ