Парвозҳои Uzbekistan Airways ба Сеул қатъ мегардад

Парвозҳои Uzbekistan Airways ба Сеул қатъ мегардад

Аз 1 марти соли ҷорӣ парвозҳои ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways ба шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ муваққатан қатъ мегардад. Ҳадаф аз ин иқдом пешгирии ворид шудани коронавирус аз ин кишвар ба Ӯзбекистон аст.
Гуфта мешавад, ки мусофирони имрӯза, ки аз Сеул ба Тошканд меоянд, ба манзили махсус нигоҳдорӣ мешаванд. Ба ин далел, ба наздикони мусофирон пешниҳод мешавад, ки барои пешвоз ба фурӯдгоҳ нараванд.
Чанде пеш парвозҳои Тошканд-Ҷидда ва Тошканд-Мадина низ мутаваққиф шуда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ