Барои муҳоҷирони корӣ дар хориҷа шароити беҳтар омода мегардад

Барои муҳоҷирони корӣ дар хориҷа шароити беҳтар омода мегардад

  • Post category:Ҷаҳон

Илҳом Неъматов, муъовини вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи гузашта дар ҷаласаи Олий Маҷлис гуфт, ки Ӯзбекистон бо Русия дар заминаи муҳориҷат 2 санади навро имзо хоҳад кард.
Ӯ гуфт, “Ду сол шуд, ки ба масъалаҳои муҳоҷират пардохтаем. Қаблан вазорати корҳои хориҷа масъалаҳои муҳоҷиратро баррасӣ намекард. Дар ҳоли ҳозир мо бо Кореяи Ҷанубӣ, Русия ва Қазоқиситон тавофуқномаҳои марбут ба муҳоҷиратро имзо кардаем.”
Неъматов афзуд, “Мо ҳоло бо Русия 2 санади дигарро таҳия мекунем. Дар яке аз ташрифҳои оянда онҳоро имзо хоҳем кард. Дар сурати имзо шудани ин санадҳо шароити муҳоҷирони корӣ дар хориҷа беҳтар хоҳад шуд”.
Ба гуфтаи муъовини вазир, дар ин санадҳо масъалаи ҳимояи муҳоҷирон ва ҷойи кории онҳо пешбинӣ шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ