Эркинҷон ТУРДИМОВ: 30-40 фоизии бачаҳое, ки 5-10 сол муқаддам аз хонаи «Меҳрибонлик» баромадаанд, ба корҳои ҷиноӣ даст мезананд

Эркинҷон ТУРДИМОВ: 30-40 фоизии бачаҳое, ки 5-10 сол муқаддам аз хонаи «Меҳрибонлик» баромадаанд, ба корҳои ҷиноӣ даст мезананд

28 феврали соли 2020 дар шаҳри Тошканд ҷамъомади дуюми умумии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар он сенаторҳо натиҷаи пурсиши парлумониро баррасӣ карданд, ки қаблан ба Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои мубрами ба ҷомеа мутобиқшавии иҷтимоии ҷавонон, ки аз ҷониби волидони худ беназорат мондаанд ва дар хонаҳои хайрия тарбия карда шудаанд, ирсол карда шудааст, баррасӣ намуданд. дар ин бора мухбири «Дарё» Миролим Исаҷонов хабар дод.
Таъкид гардид, ки бо назардошти посух ба дархости парлумон, кумитаи дахлдори Сенат қайд кард, ки дар ин самт як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Аз ҷумла, дар “харитаи роҳ” оид ба пурзӯрсозии ҳифзи иҷтимоии ятимон ва кӯдаконе, ки аз парастории волидон маҳруманд, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 феврали соли 2019 тасдиқ шудааст, вазифаҳое муайян шудааст, ки бояд дар солҳои 2019-2023 анҷом дода шаванд.
Ҳокими вилояти Самарқанд, сенатор Эркинҷон Турдимов таъкид кард, ки қабули қарори дахлдор дар бораи ҳифзи иҷтимоии ятимон ва кӯдакони бепарастори дар хонаҳои «Меҳрибонлик» калоншуда, бо хонаву ҷой таъмин кардани онҳо набояд ба таъхир гузошта шавад.
«Дар ҳақиқат ин масъалаи муҳим аст. Ман борҳо бо ин масъала, шахсан худам машғул гардидам. Дар ҳар як вилоят на кам аз 150-200 нафар бачагони бепарастор ҳастанд. Онҳо ба «аслиҳа»-и дасти ким-киҳо табдил меёбанд.»
масалан, 30-40 дарсади бачаҳое, ки 5-10 сол муқаддам аз хонаи «Меҳрибонлик» баромадаанд, ба кори ҷиноӣ даст мезананд. Дар мо мисолҳои амиқ ҳастанд. Дар шаҳри мо як-ду нафарро кашола карда гаштаанд, ки ба синни 35-40 даромада, дар бисот чизе надоранд, 2-3 маротиба ба ҷиноят даст задаанд. Низоми алоҳида қабул карда, ин масъалаҳоро дар асоси барнома ҳал накунем, намешавад. Чунки бунёди хонаву ҷой ба буыаи ҳеҷ кадом ҳокимияти ноҳия ва ҳатто ҳокимияти вилоят рост намеояд. Ба буҷаи маҳаллӣ рухсат дода шавад, мо депутатҳо муросо карда, тарбиягирандагони хонаҳои «Меҳрибонлик»-ро бо хонаву ҷой таъмин мекунем. Мо ба 8 нафар хона ҷудо кардем, ки пагоҳ месупорем. Барои 15 нафар аз хобгоҳҳо ыой додем. Ҳоло боз ба 15 нафар пардохти ибтидоиро супурда, дар арафаи ҳалли масъалаи хона қарор дорем», — гуфт Э.Турдимов.
Аз рӯи ин масъала қарори вобастаи Сенат қабул карда шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ