Тавофуқи таърихии Вашингтон ва Толибон: Низомиёни ИМА Афғонистонро тарк мекунанд

Тавофуқи таърихии Вашингтон ва Толибон: Низомиёни ИМА Афғонистонро тарк мекунанд
  • Post category:Ҷаҳон

Намояндагони ИМА ва ҷунбиши “Толибон” дар шаҳри Дӯҳаи Қатар тавофуқномаи сулҳро имзо карданд.
Бар асоси ин, кулли низомиёни ИМА ва НАТО дар муҳлати 14 моҳ аз қаламрави Афғонистон хориҷ мешаванд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Tolo News хабар додааст.
Ҳамчунин, ИМА дар муддати 136 рӯз шумори низомиёнашро дар Афғонистон то 8600 нафар коҳиш медиҳад.
Залмай Халилзод, намояндаи махсуси ИМА дар Афғонистон ва Абдулло Ғанӣ Бародар, муъовини пешвои Толибон ва раиси дафтари ин ҷунбиш дар Қатар тавофуқномаи сулҳро имзо карданд.
Тарафҳо дар давоми соли гузашта дар Дӯҳа чандин бор музокираҳо баргузор карда буданд. Вале, ҳодисаи кушта шудани низомиёни амрикоӣ дар як ҳамлаи Толибон музокираҳоро бесамар карда буд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ