Дар Ангрен донишгоҳи Кукмини Кореяи Ҷанубӣ боз мешавад

Дар Ангрен донишгоҳи Кукмини Кореяи Ҷанубӣ боз мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Иномҷон Маҷидов, вазири таълими олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон рӯзи 28 феврал дар Тошканд бо О Сеонг Хони, муъовини раиси донишгоҳи Кукмини Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кард. Дар ин бора вазорати таълими олӣ ва миёнаи махсус хабар дод.
Дар мулоқот нахустин тавофуқнома дар бораи таъсиси донишгоҳи Кукмин дар Ангрен баррасӣ шуд. Донишгоҳ дар риштаҳои муҳандисӣ, муҳандисии электронӣ ва информатика, амнияти иттилоъотӣ, меъморӣ, тарроҳӣ, мудирияти бизнес таҳсил хоҳад дод.
Донишгоҳи Кукмин Кореяи Ҷанубӣ соли 1946 таъсис ёфтааст. Дар донишгоҳ 15 факулта фаъолият дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ