Парвозҳои Uzbekistan Airways ба Токио ва Рим низ таваққуф меёбад

Парвозҳои Uzbekistan Airways ба Токио ва Рим низ таваққуф меёбад

Ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways ба далели паҳншавии коронавирус парвозҳои худро ба Япония ва Рим аз имрӯз муваққатан қатъ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки вазорати ҳифзи тандурустии кишвар дар фурӯдгоҳҳо чораву тадбирҳои баланддараҷаи амниятиро ҷорӣ кардааст. Вазъияти саломатии ҳар як нафаре, ки аз марзи давлатӣ убур мекунад, аз сӯи шифокорон санҷида ва омӯхта мешавад.
Uzbekistan Airways аз имрӯз парвозҳои Тошканд-Сеулро низ қатъ кард. Шаҳрвандоне, ки дар Корея ҳастанд, бо рейсҳои махсус ба ватан бозгардонда мешаванд.
Ҳамчунин, аз 27 феврал парвозҳои хатсайри Тошканд-Ҷидда ва Тошканд-Мадина низ таваққуф ёфта буданд. Шаҳрвандоне, ки барои адои Ҳаҷҷи Умра ба Арабистони Саъудӣ рафтаанд, бо парвозҳои махсус ба Ӯзбекистон бармегарданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ