Сенатори Ӯзбекистон дар маъракаи сиёсии Тоҷикистон иштирок дорад

Сенатори Ӯзбекистон дар маъракаи сиёсии Тоҷикистон иштирок дорад

Узви Сенати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ба ҳайси нозири маъракаи интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, ки имрӯз 1-уми март доир мегардад иштирок дорад. Дар ин бора шабакаи “Азия-Плюс” хабар дод.
Абдуқодир Тошқулов  ду даъват пайдарпай – аз соли 2009 то 2017 вакили палатаи поёнии парлумони Ӯзбекистон буд.
Соли 2017 бо қарори ҳукумати Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов ректори Донишгоҳи давлатии Тирмиз таъин шуд. Ҳамон сол узви Сенат (палатаи болоии парлумон)-и Ӯзбекистон интихоб гардид.
Ба ҷуз Тошқулов, намояндагони Ӯзбекистон ба сифати нозирони байнулмилалӣ дар ҳайатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва Созмони ҳамкории Шанхай шомиланд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ