Рӯзи аввали баҳор коронавирус ба 3 кишвари нав “ҳамла” кард

Рӯзи аввали баҳор коронавирус ба 3 кишвари нав “ҳамла” кард

  • Post category:Саломатӣ

Рӯзи нахустини баҳор дар се кишвари ҷаҳон – Арманистон, Ирландия ва Люксембург ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар сафҳаи худ дар Фейсбук дар бораи аввалин бемори коронавирус дар кишвараш навишт. Ба гуфтаи Пашинян, бемор шаҳрванди 29-сола аст ва ӯ рӯзи 28 феврал бо ҳамсари худ аз Эрон баргаштааст.
Худи бемор ба шифокорон муроҷиъат кардааст. Дар ҳоли ҳозир вазъи саломатии ӯ хуб аст, таб надорад. Шифокорон дар ҳамсари ӯ нишонаҳои вирусро пайдо накарданд.
Пашинян таъкид кардааст, ки шахсоне, ки бо бемор мулоқот кардаанд, дар инзиво (изолятсия) нигоҳ дошта мешаванд.
Дар ҷумҳурии Ирландия низ як нафар мубталои COVID-19 дар бемористон бистарӣ аст. Ҳукумат вазъи саломатии ҳамаи онҳоеро, ки бо ӯ робита доштаанд, месанҷад. Гуфта мешавад, ки бемор аз Ирландияи Шимолӣ омдааст.
Дар Люксембург мутахассисон дар як нафаре, ки аз Италия бозгашт вируси COVID-19-ро муъайян карданд. Ҳоло ҳукумати кишвар натиҷаи муъоинаи такрории ӯро мунтазир ҳастанд. Бемори 40-сола дар бемористон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ